Ҳукумат корхонаҳои соли 2014 аз пардохти ААИ озодшударо номбар кард

Дар доираи омода сохтани нишондиҳандаҳои буҷети давлатии кишвар барои соли 2014 ҳукумати Тоҷикистон номгӯи шахсони ҳуқуқиеро, ки соли оянда аз пардохти андоз аз арзиши изофа (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод мешаванд, муайян кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014», […]

Аваз Юлдошев


Дар доираи омода сохтани нишондиҳандаҳои буҷети давлатии кишвар барои соли 2014 ҳукумати Тоҷикистон номгӯи шахсони ҳуқуқиеро, ки соли оянда аз пардохти андоз аз арзиши изофа (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод мешаванд, муайян кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014», ки 23-юми октябр аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул шуд, шахсони ҳуқуқие, ки зимни ба ҷумҳурӣ ворид намудани масолеҳи сохтмон, таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёт аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, мушаххасан муайян карда шудаанд.

Миёни шахсони ҳуқуқии соли оянда аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озодшуда мақомоти шаҳрдории пойтахт – зимни воридоти нақлиёти мусофирбар; комбинати металлургии мавриди бунёд қарордоштаи Ҳисор – зимни воридоти таҷҳизот; КМ «ТоҷИрон»-и Тоҷикистону Эрон – зимни воридоти таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётӣ барои сохтани трактор; меҳмонхонаҳои дар кӯчаи Айнӣ ва хиёбони Рӯдакии пойтахт мавриди бунёд қарордошта (номашон ишора нашудааст) – зимни воридоти масолеҳи сохтмон ва ҳамчунин ШСХК «Барқи тоҷик» – зимни воридоти мазут барои эҳтиёҷоти Маркази барқу гармидиҳии пойтахт зикр шудаанд.

Ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ барои соли оянда 13 миллиарду 901 миллион сомонӣ (28,7% ММД) муқаррар гардидааст, ки нисбат ба Буҷети давлатии соли 2013 15,3% ё худ 1,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Касри буҷет дар ҳаҷми 242,1 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи пешгӯиҳои ҳукумат, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2014 ба андозаи 48,5 миллиард сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи реалӣ 7,6%, таваррум 7,5% ва индекси дефлятор 5,9% ба нақша гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?