Имзои санади ҳамкорӣ миёни марзбонони Тоҷикистону Афғонистон ва Русия

Аз рӯи натоиҷи гуфтушуниди имрӯзаи роҳбарони хадамоти марзбонии Тоҷикистону Афғонистон ва Русия дар гузаргоҳи сарҳадии Бандар Шерхони кишвари ҳамсоя миёни хадамоти марзбонии ин кишварҳо протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод, дар протокол роҳу воситаҳои тақвияти ҳамкории ҷонибҳо дар самти ҳифзи […]


Аз рӯи натоиҷи гуфтушуниди имрӯзаи роҳбарони хадамоти марзбонии Тоҷикистону Афғонистон ва Русия дар гузаргоҳи сарҳадии Бандар Шерхони кишвари ҳамсоя миёни хадамоти марзбонии ин кишварҳо протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод, дар протокол роҳу воситаҳои тақвияти ҳамкории ҷонибҳо дар самти ҳифзи марз, табодули маълумот, баргузор кардани амалиёти муштарак ва ғайра пешбинӣ шудаанд.

Санадро фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо, роҳбари пулиси марзбонии Афғонистон Аҳмад Зай ва фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Русия генерал-полковник Владимир Кулишов ба имзо расониданд.

Зимнан зикр гардид, ки пас аз анҷоми гуфтушунид роҳбарони хадамоти марзбонии се кишвар бо шароити будубош ва хизмати марзбонон дар гузаргоҳҳои марзии Шерхон Бандар (Афғонистон) ва Панҷи Поён (Тоҷикистон) аз наздик шинос шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.