Аксияи радиои «Азия-Плюс» дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати оғози пахши барномаҳои радиои «Азия-Плюс» дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як аксия оғоз гардид. Дар доираи ин аксия шунавандагони шаҳри Хуҷанд метавонанд дар ду барномаи беҳтарин ва дӯстдоштатарини сокинони пойтахт «Радиоипатрул» ва «Остров сокровищ» (Ҷазираи ҷавоҳирот) ширкат варзанд. Муддати ду рӯз шореҳони варзидаи радио аз соати 09:00 то соати 18:00 […]

Валентина Кондрашова


Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати оғози пахши барномаҳои радиои «Азия-Плюс» дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як аксия оғоз гардид.

Дар доираи ин аксия шунавандагони шаҳри Хуҷанд метавонанд дар ду барномаи беҳтарин ва дӯстдоштатарини сокинони пойтахт «Радиоипатрул» ва «Остров сокровищ» (Ҷазираи ҷавоҳирот) ширкат варзанд.

Муддати ду рӯз шореҳони варзидаи радио аз соати 09:00 то соати 18:00 миёни аҳолӣ бозиву озмун ва викторинаҳои гуногун доир намуда, ғолибон соҳиби туҳфаҳои арзишманд, аз қабили телефони Fly-и мағозаи «Плазма», купони 20 литр гази моеъ барои автомашина, туҳфаҳои гуногуни мағозаи «Бош» ва сарпарасти кулли аксия – ширкати  Imon International мегарданд.

Қобили зикр аст, ки аз 14-уми августи соли равон дар қаламрави вилояти Суғд пахши санҷишии барномаҳои радиои «Азия-Плюс» дар диапазони FM дар басомади 104.4 Mhz оғоз гардид. Акнун барномаҳои радиои «Азия-Плюс»-ро метавон дар шаҳри Хуҷанд, Чкаловск ва ноҳияҳои Зафарободу Бобоҷон Ғафуров низ шунид. Интиқоли мавҷ бо дастгирии фаннии ширкати «Вавилон-Т» имконпазир гардид.

Ёдрас мекунем, ки шабакаи мустақили радиои «Азия-Плюс» барои пахши барномаҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ ва тавассути интернет иҷозатнома дастрас кардааст. Ҳамин тариқ, моҳи апрели соли 2012 пахши барномаҳои радио дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз гардид. Дар минтақаи ҷануб пахши барномаҳои радио тавассути ҳамон басомади дар пойтахт мавҷуда – 107 FM сурат мегирад.

Радиои ASIA-Plus – нахустин радиои мустақили Душанбе мебошад. Радио 9-уми сентябри соли 2002 дар мавҷи 107 FM садо дода, 24 соат дар шабонарӯз ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашрҳои хабарӣ ва барномаҳо пахш мекунад. Шакли барномасозии радио – иттилоотию мусиқӣ аст. Нашрҳои хабарӣ ҳар соат пахш мешаванд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.