ВКХ Русия то ҳол ба нотаи сафорати Тоҷикистон посух нагуфтааст

Вазорати корҳои хориҷии Русия то ҳол ба нотаи сафорати Тоҷикистон, ки дар он таҳқиқи ҳодисаи ҳамлаи афроди номаълум ба қатораи самти Маскав – Душанбе дархост мешавад, посух нагуфтааст. Дар ВКХ Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки чанде қабл намояндагии дипломатии Тоҷикистон ба унвони ВКХ Русия бо дархости таҳқиқи ҳодисаи рухдода ва муҷозоти саркардагону гунаҳкорони он нотаи расмӣ […]


Вазорати корҳои хориҷии Русия то ҳол ба нотаи сафорати Тоҷикистон, ки дар он таҳқиқи ҳодисаи ҳамлаи афроди номаълум ба қатораи самти Маскав – Душанбе дархост мешавад, посух нагуфтааст.

Дар ВКХ Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки чанде қабл намояндагии дипломатии Тоҷикистон ба унвони ВКХ Русия бо дархости таҳқиқи ҳодисаи рухдода ва муҷозоти саркардагону гунаҳкорони он нотаи расмӣ фиристодааст.

«Мо умедворем, ки рӯзҳои наздик ҷониби Русия тамоми ҳолатҳои ҳодисаро ошкор ва ба санади расмии мо посух мегӯяд», – гуфтанд дар ВКХ Тоҷикистон.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ тавассути намояндагии дипломатӣ дар Маскав масъалаи мазкурро пайгирӣ дорад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ дод, ки шоми рӯзи 26-уми октябр зимни таваққуфи техникӣ дар истгоҳи Терновкаи роҳи оҳани Русия қатораи хатсайри Маскав-Душанбе аз ҷониби як гурӯҳи 20-нафараи ашхоси славянитабор мавриди ҳамла қарор гирифта, дар натиҷа 20 шишаи тирезаи вагонҳо шикаста ва ба чанде аз мусофирон осеби сабуки ҷисмонӣ расонида шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар васоити ахбори умуми Русия дирӯз ва имрӯз ҳеҷ маълумоте дар ин бора интишор нашуда, дар сомонаи расмии ВКД Русия низ доир ба ин қазия хабаре мавҷуд нест.

Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» чунин мешуморанд, ки маълумот дар бораи ин ҳодиса аз будаш хеле зиёдтар нишон долда шудааст.

Ҳамчунин чанде қабл, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод бар ин назар аст, ки дар ҳамлаи рӯзи 26-уми октябр рухдода ба қатораи самти Маскав-Душанбе дар қаламрави Русия

набояд ангезаи сиёсӣ дода шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.