Аксияи ташкилоти ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ, ро ки ба ҷонибдории президенти амалкунанда ҷараён дорад, арбобони сиёсӣ риоя накардани принсипи баробарҳуқуқии номзадҳо ба мансаби президентӣ унвон карданд.
Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изхор намуд, ки бо созмон додани ин иқдом дар арафаи интихобот ташкилоти ҷавонони ҲДТ мустақиман президенти амалкунандаро таблиғ намуда, принсипи баробарҳуқуқии номзадҳоро риоя намекунад ва худи шиори «Президенти ман» низ дар остонаи рӯйдоди муҳими сиёсӣ қобили қабул нест
«Ман чунин мешуморам, ки ин чорабинӣ комилан ғайриқонунӣ аст, зеро захираҳои ҳукумати кунунӣ истифода мешаванд ва ташкилоти ҷавонони ҲХДТ инро комилан ошкору рӯирост анҷом медиҳад», – иброз дошт ӯ.
Ба қавли Зойиров, пас аз анҷоми аксияи мазкур (3-юми ноябр), ҲСДТ ҳатман барои нозирони байнулмилалӣ дар ин хусус изҳорот пахш хоҳад кард.
Номзади сабтиномнашуда аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова бар ин назар аст, ки аксияи мазкур ба тарбияи нодурусти ҷавонон мусоидат менамояд, зеро онҳоро мебояд дар рӯҳияи риояи қонун тарбия кард.
«Бе ин ҳам мо медонем, ки Эмомалӣ Раҳмон пирӯз хоҳад шуд. Пас ҳамаи ин барои чӣ лозим аст? Беҳтараш рӯзи шанбе ҷавонон аз таҳсил дур нашуда, ба китобхонаҳо раванду саргарми мутолиа бошанд ва аз ин манфиати бештар хоҳад буд», – гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ эълом дошт, ки дар арафаи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи умумиҷумҳуриявиро таҳти унвони “Президенти ман!” доир менамояд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, аксияи мазкур бо ҷалби бештар аз сад ҳазор нафар ҷавонон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дастгирии волонтёрӣ роҳандозӣ гардида, дар доираи он дар мувофиқа бо мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дастгирии Ситоди Марказӣ ва ситодҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳпаймоии ҷавонон дар назар гирифта шудааст.



