Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ дар арафаи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи умумиҷумҳуриявиро таҳти унвони “Президенти ман!” доир менамояд; – Дар шаҳри Киев (Украина) мусобиқоти байнулмилалӣ оид ба шотокан каратэ-до баргузор мешавад. Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро варзишгарон Муҳаммад Маҳмудов, Бузургмеҳр Мирзозода, Фозил Фозилов, Суннатулло Қодиров, Маҳмадулло Мирзоев ва довар Баҳром Ҳомидов […]

ASIA-Plus



Анонс

– Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ дар арафаи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи умумиҷумҳуриявиро таҳти унвони “Президенти ман!” доир менамояд;

– Дар шаҳри Киев (Украина) мусобиқоти байнулмилалӣ оид ба шотокан каратэ-до баргузор мешавад. Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро варзишгарон Муҳаммад Маҳмудов, Бузургмеҳр Мирзозода, Фозил Фозилов, Суннатулло Қодиров, Маҳмадулло Мирзоев ва довар Баҳром Ҳомидов намояндагӣ мекунанд;



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7721

сомонӣ;


1

евро

– 6.6102

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1505

сомонӣ.  



Як рӯзи таърих


1930

– Корхонаи пахтатозакунии Кӯлоб ба истифода дода шуд.


2004

– Бори нахуст дар таҷрибаи судии ҶТ моддаи 130-и КҶ ҶТ – «Хариду фурӯши одамон» истифода шуд. Як зан барои истисмори духтари ӯгаяш ба сифати фоҳиша ба 14 соли зиндон маҳкум гардид.


1944

– Зодрӯзи олим Аҳадбой Тешаев.


1947

– Мавлуди олими соҳаи тиб Бахшибек Гадоев.


1952

– Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Клара Мирзоева.


1960

– Мавлуди доктори улуми иқтисод Искандар Самандаров.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (дар баландии зиёда аз 2000 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +4+9.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад (дар баландии зиёда аз 2000 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +7+12.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


баъзан боришот (борон, барф).

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -2+3, рӯзона +9+14;  дар шарқи вилоят шабона -7-12, рӯзона 0+5.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +12+14.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +10+12.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +14+16.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +13+15. 


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.   

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +9+11.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.