Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс

– Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ дар арафаи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи умумиҷумҳуриявиро таҳти унвони “Президенти ман!” доир менамояд;

– Дар шаҳри Киев (Украина) мусобиқоти байнулмилалӣ оид ба шотокан каратэ-до баргузор мешавад. Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро варзишгарон Муҳаммад Маҳмудов, Бузургмеҳр Мирзозода, Фозил Фозилов, Суннатулло Қодиров, Маҳмадулло Мирзоев ва довар Баҳром Ҳомидов намояндагӣ мекунанд;



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7721

сомонӣ;


1

евро

– 6.6102

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1505

сомонӣ.  



Як рӯзи таърих


1930

– Корхонаи пахтатозакунии Кӯлоб ба истифода дода шуд.


2004

– Бори нахуст дар таҷрибаи судии ҶТ моддаи 130-и КҶ ҶТ – «Хариду фурӯши одамон» истифода шуд. Як зан барои истисмори духтари ӯгаяш ба сифати фоҳиша ба 14 соли зиндон маҳкум гардид.


1944

– Зодрӯзи олим Аҳадбой Тешаев.


1947

– Мавлуди олими соҳаи тиб Бахшибек Гадоев.


1952

– Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Клара Мирзоева.


1960

– Мавлуди доктори улуми иқтисод Искандар Самандаров.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (дар баландии зиёда аз 2000 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +4+9.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад (дар баландии зиёда аз 2000 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +7+12.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


баъзан боришот (борон, барф).

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -2+3, рӯзона +9+14;  дар шарқи вилоят шабона -7-12, рӯзона 0+5.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +12+14.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +10+12.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +14+16.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +13+15. 


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.   

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +9+11.

spot_imgspot_img

Популярное