Бар асари як садамаи нақлиёт, ки шоми рӯзи 4-уми ноябр дар роҳи мошингарди кӯчаи Неъмат Қаробоеви пойтахт рух дод, се нафар ҷавонон ба ҳалокат расиданд. Парвиз Кабиров, яке аз фавтидагон, корманди Раёсати консулгарии ВКХ Тоҷикистон, писари роҳбари дастгоҳи палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Мизроб Кабиров мебошад.
Бино ба иттилои ВКД ҶТ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини 28-солаи пойтахт Фарҳодҷон Раҳматҷонов аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
«Аз ҷароҳатҳои бардошта худи ронанда ва мусофирони автомашина – Тақдир Ёрови 28-сола ва Парвиз Кабирови 32-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд», – омадааст дар иттилои ВКД ҶТ.



