Итминони Зарифӣ ба Лебедев бобати озоду шаффоф доир гардидани интихобот

Рӯзи 4 ноябри соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедевро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, вазир ба раиси Кумитаи иҷроия ҷиҳати самаранок ва бомуваффақиятона гузаронидани ҷаласаҳои мақомотҳои оинномавии ИДМ, ки 24-25 октябри соли 2013 дар шаҳри Минск доир […]

ASIA-Plus


Рӯзи 4 ноябри соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедевро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, вазир ба раиси Кумитаи иҷроия ҷиҳати самаранок ва бомуваффақиятона гузаронидани ҷаласаҳои мақомотҳои оинномавии ИДМ, ки 24-25 октябри соли 2013 дар шаҳри Минск доир гардиданд, миннатдорӣ баён кард.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масоили иштироки ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта мешавад, вазири корҳои хориҷӣ итминон зоҳир намуд, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ, озоду шаффоф, мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ ва арзишҳои демократӣ баргузор хоҳад гашт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.