Роҳиоҳанҷиёни тоҷик аз Русия 300 $ товони зарар талаб мекунанд

Ҳаҷми зиёни расида ба қатораи самти Маскав-Душанбе то ҳол мавриди ҳисобу китоб қарор дорад, вале аллакай ҳозир дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тахмин мезананд, ки ҳаҷми зарар 1,5 ҳазор сомонӣ (каме бештар аз 300 $)-ро ташкил хоҳад дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз корхонаи мазкур хабар доданд, таҳқиқи ҳодисаи ҳамла ба қатораи самти Маскав-Душанбе зимни […]

Заррина Эргашева


Ҳаҷми зиёни расида ба қатораи самти Маскав-Душанбе то ҳол мавриди ҳисобу китоб қарор дорад, вале аллакай ҳозир дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тахмин мезананд, ки ҳаҷми зарар 1,5 ҳазор сомонӣ (каме бештар аз 300 $)-ро ташкил хоҳад дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз корхонаи мазкур хабар доданд, таҳқиқи ҳодисаи

ҳамла ба қатораи самти Маскав-Душанбе

зимни таваққуфи техникӣ дар истгоҳи Терновкаи Русия то ҳанӯз комилан анҷом наёфта, як комиссияи махсус то ҳол рӯйи дақиқан муайян кардани ҳаҷми зарар кор мекунад.

«Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳудуди 22 метри мураббаъи шишаи тирезаҳои қатора осеб дида, аз ин рӯ, маблағи зиён ночиз аст ва худи корхона онҳоро бартараф намуда, ҷониби Русия уҳдадор аст, ки маблаги зарарро рӯйпӯш намояд», – гуфтанд дар корхона.

Дар шарҳи масъалаи мазкур аз корхона иттилоъ доданд, ки тартиби ҷуброни зарар тибқи асноди танзимкунандаи Шӯро оид ба нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ ва кишварҳои Балтика амалӣ мегардад, ки дар он гуфта мешавад, ҳаҷми зиёнро кишваре пардохт мекунад, ки дар қаламрави он чунин ҳодисаҳо рух медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, 8 вагони қатораи Тоҷикистон, ки рӯзи 10-уми октябр дар қитъаи роҳи оҳани ноҳияи Ғаллаарали вилояти Ҷиззахи кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон бар асари корҳои таъмир дар ин қитъа

ба садама дучор гардида буданд,

таъмир ва ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. «Ин вагонҳо аллакай мавриди истифода қарор дошта, мо дигар ба Ӯзбекистон ҳеҷ даъвое надорем», – гуфтанд дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.