Оғози корҳои «Газпром» дар майдони Шоҳамбарии Ғарбӣ

Чанде қабл вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Директори генералии ҶСП «Газпром ЭП Интернешнл Сервисиз Б.В» Гулев В.Л сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Бино ба иттилои шуъбаи котиботи Вазорати энергетика  ва саноати ҶТ, дар сӯҳбати телефонӣ масъалаҳои оғоз кардани корҳои геологӣ- иктишофӣ, ҷустуҷӯӣ дар майдони ояндадори «Шоҳамбарии ғарбӣ», идома додани корҳои таҳқиқоти геофизикӣ, […]

ASIA-Plus


Чанде қабл вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Директори генералии ҶСП «Газпром ЭП Интернешнл Сервисиз Б.В» Гулев В.Л сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои шуъбаи котиботи Вазорати энергетика  ва саноати ҶТ, дар сӯҳбати телефонӣ масъалаҳои оғоз кардани корҳои геологӣ- иктишофӣ, ҷустуҷӯӣ дар майдони ояндадори «Шоҳамбарии ғарбӣ», идома додани корҳои таҳқиқоти геофизикӣ, азхудкунии қабатҳои маҳсулноки чоҳи №1п Шаҳринави майдони Сариқамиш, масъалаҳое, ки зимни сафари Раиси Раёсати ҶСК «Газпром» ба ш. Душанбе оид ба омода намудани кадрҳои соҳаи нафту газ аз ҳисоби ҶСК «Газпром» мувофиқа ҳосил шуда буд, ҳамчунин масъалаҳои дигари ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи июни соли равон ширкати Gazprom International корҳои пармакунӣ дар чоҳи «Шаҳринав-1п»-ро, ки дар майдони нафтугаздори Сариқамиш дар Тоҷикистон воқеъ аст, ба нуқтаи ниҳоӣ – 6300 метр расонид.

Ширкати «Газпром» барои баргузор намудани таҳқиқоти захираҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон ду иҷозатнома (майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) дорад.

Захираҳои пешакии газ дар минтақаи нафтугаздори Сариқамиш 18 млрд. метри мукааб, захираҳои нафт – 17 млн. тонна ва гази омехта дар нафт – 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд.

Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Қобили зикр аст, ки талаботи Тоҷикистон ба гази табиӣ ҳудуди 1,2 млрд. метри мукааб дар як солро ташкил медиҳад. Аз рӯи натиҷаҳо соли 2012 дар Тоҷикистон 1,8 млн. метри мукааб газ истихроҷ шудааст.

Аввали моҳи октябри соли ҷорӣ роҳбари намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон Игор Шаталов маълумот дар бораи зиёд шудани саҳми Тоҷикистон дар чоҳи пармашудаи «Шаҳринав-1п» дар кони Сариқамишро

рад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.