Анонс
– Соати 6-и субҳ дар саросари Тоҷикистон беш аз 3 ҳазору 100 адад қитъаҳои овоздиҳӣ барои интихоботи президенти Тоҷикистон ба фаъолият оғоз мекунанд;
– Соатҳои 10:00, 14:00 ва 18:00 КМИР ҶТ барои пешниҳоди маълумот дар бораи ҷараёни овоздиҳӣ брифингҳо ташкил мекунад;
– Аз соати 09:00 дар боғҳои фарҳангу фароғати шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон сайругашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт ва чорабиниҳои идона баргузор мешаванд;
Қурби асъор
1
доллари ИМА
– 4.7718
сомонӣ;
1
евро
– 6.5556
сомонӣ;
1
рубли русиягӣ
– 0.1504
сомонӣ.
Як рӯзи таърих
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1994
– Дар раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Констиитутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул карда шуд. Э.Раҳмонов президенти ҶТ интихоб шуд.
1999
– Маъраки навбатии интихоботи президентӣ доир гардид. Эмомалӣ Раҳмонов ба муҳлати дуюм президенти ҶТ интихоб гардид.
1922-1991
– Зодрӯзи журналист Нишон Ҳамроҳ.
1923
– Мавлуди арбоби давлатӣ Низорамоҳ Зарифова.
1925-1995
– Зодрӯзи артисти балет, Ҳунарманди халқии ИҶШС аз Тоҷикистон Лутфӣ Зоҳидова.
1936
– Мавлуди доктори улуми таърих, профессор Роҳат Набиева.
1948
– Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Нурулло Абдуллоев.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат (дар баландиии беш аз 2200 метр барф).
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +12+17.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +5+10.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад (дар баландии зиёда аз 2000 метр барф).
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +8+13.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои
тағйирёбанда,
борон меборад (дар баландии зиёда аз 2500 метр барф).
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -1+4, рӯзона +8+13; дар шарқи вилоят шабона -6-11, рӯзона -1+4.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +12+14.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +14+16.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +15+17.
Дар шаҳри Кӯлоб
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +14+16.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +10+12.



