Мухолифин ба Раҳмон истифодаи консепсияи ИНИТ-ро тавсия медиҳанд


Намояндагони мухолифин ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод доранд, ки барои пурмаҳсул гардонидани фаъолияти минбаъдаи худ аз консепсияи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) истифода кунад.

Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар навбати аввал дар кишвар бояд ислоҳот гузаронида шавад, «зеро бидуни онҳо ҳам кишвар ва ҳам дастаи Эмомалӣ Раҳмон «аз пешравӣ бозмемонанд».

«Ба Раҳмон роҳандозии сиёсати кадрии нав лозим аст, зеро сиёсати имрӯзаи кадрии ӯ ба интиҳои худ расид. Тайи 7-10 соли ахир президент чандин маротиба кадрҳои худро аз ин мақом ба мақоми дигар иваз намуд, вале аз ин ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд», – гуфт Зойиров.

Ӯ чунин мешумолрад, ки «ин кадрҳо Тоҷикистонро натанҳо ба буҳрон, балки ба сакта (коллапс) оварда мерасонанд».

Аз ин рӯ, Зойиров ба президент пешниҳод мекунад, ки ба консепсияи пешазинтихоботии ИНИТ таваҷҷуҳ зоҳир созад, зеро дар он ислоҳоти конститутсионӣ ва нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ возеҳ дарҷ ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, Зойиров ба гумон аст, ки Эмомалӣ Раҳмон барои ҷорӣ кардани навовариҳо қодир аст, зеро ба гуфтаи вай, «ӯ ҳамчун президент аз тамоми имконоти худ истифода кард».

Ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова низ ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод дорад, ки ба консепсияи ИНИТ рӯ биоварад, ки метавонад вазъ дар кишварро ба куллӣ дигаргун созад.

«Ӯ бояд дастаи худро иваз кунад, зеро бо ин даста роҳандозии ислоҳот ғайриимкон аст. Вале ман намедонам, ки ӯ то кадом андоза ба даст кашидан аз командаи худ омода аст. Аммо ин ҷо бо таъмири зоҳирӣ наметавон чизеро ҳаллу фасл кард», – мегӯяд Бобоназарова.

Дар ҳамин ҳол, коршиноси мустақил ва сиёсатшинос Рашид Ғанӣ Абдулло ба президент пешниҳод мекунад, ки дар муҳлати нави сари ҳокимият будан бештар ба ҳалли масоили иқтисодӣ, пеш аз ҳама ба таъмини шароите, ки ба рушди соҳибкорӣ дар кишвар мусоидат мекунанд, таваҷҷуҳ зоҳир намояд.

Ба ҷуз ин масъала, сиёсатшинос бар ин назар аст, ки Тоҷикистон бояд бо кишварҳои абарқудрат ва давлатҳои ҳамсоя муносибати хуб роҳандозӣ кунад. «Ҳалли масъалаи роҳ ёфтан ба ҷаҳони беруна ҳатмист. Барои роҳ ёфтан ба тамоми дунё воситаҳои боэътимод мебояд дошт.  Мо бояд бештар ба кишварҳое афзалият диҳем, ки аз имконоти сармоягузорӣ бархӯрдор бошанд», – гуфт Рашид Ғанӣ Абдулло.

spot_imgspot_img

Популярное