Изҳороти «Помир Энерҷи» дар бораи мушкилоти молиявӣ

Сарфи назар аз дастовардҳои ширкати «Помир Энерҷи» дар самти беҳбуди таъминот бо барқ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ба ҳар ҳол ширкат ба як қатор мушкилот мувоҷеҳ аст. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкат, барои беҳбуди минбаъдаи таъминоти ноҳияҳои минтақа бо барқ тақвияти сохтмони хатти интиқоли барқи 110 кВ ба самти ноҳияҳои поён аз Хоруғ, […]

Пайрав Чоршанбиев


Сарфи назар аз дастовардҳои ширкати «Помир Энерҷи» дар самти беҳбуди таъминот бо барқ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ба ҳар ҳол ширкат ба як қатор мушкилот мувоҷеҳ аст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкат, барои беҳбуди минбаъдаи таъминоти ноҳияҳои минтақа бо барқ тақвияти сохтмони хатти интиқоли барқи 110 кВ ба самти ноҳияҳои поён аз Хоруғ, маҳз ба самти Рӯшону Ванҷу Дарвоз ва ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб зарур аст.

Ғайр аз ин, бо тадриҷан беҳтар шудани вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ талабот ба нерӯи барқ афзуда, зарурати бунёди иқтидорҳои нави тавлиди барқ пеш меояд. Дигар ин ки аксаари дороиҳои консессионӣ, ки аллакай муддати 40-50 сол кор мекунанд, ба азнавсозии мукаммал ниёз доранд.

Гуфта мешавад, барои иҷрои ин вазифаҳо воситаҳо лозим буда, ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳо бо ин мақсад ширкатро зарур аст, ки шароитҳои дахлдор фароҳам оварад, чунки сарфи назар аз комёбиҳо дар бахшҳои техникиву хизматгузорӣ, вазъи молиявии ширкати «Помир Энерҷи» беҳбудӣ металабад ва барои ҳалли ин масъалаҳо ширкат пеш аз ҳама ба имконоти шарикии давлативу-хусусӣ умедвор аст.

Қобили зикр аст, ки истифодаи ҳадди ниҳоии имконоти шарикии давлативу хусусӣ ба «Помир Энерҷи» имкон дод, ки таъминот бо барқ дар Хоруғ ва ноҳияҳои наздики он – Шуғнон, Роштқалъа, қисмате аз Рӯшон ва Ишкошим (74%-и истеъмолгарони барқи ВМКБ)-ро то ба 24 соат бирасонад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.