Бекор шудани боҷи содиротии Русия ба сӯзишворӣ барои Тоҷикистон

Date:


Ҳукумати Русия ҷиҳати аз 12-уми ноябр муваққатан мавриди амал қарор додани Созишнома дар бораи таҳвили бебоҷи маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон қарор қабул кард.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки «Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар бораи ҳамкорӣ дар бахши таҳвили маҳсулоти нафтӣ», ки санаи 6-уми феврали соли ҷорӣ дар Маскав аз ҷониби вазирони энергеткаи ҳарду кишвар ба имзо расида буд, то тасдиқи расмии он дар Русия, муваққтан мавриди амал қарор дода мешавад.

«Дар моддаи 11-и созишномаи баимзорасида зикр мегардад, ки муқаррароти ин санад метавонад

муваққатан аз замони нашри расмии он

мутобиқи қонунҳои Русия истифода шавад, яъне ин қисмати созишнома то тасдиқи созишнома аз ҷониби Русия метавонад мавриди амал қарор гирад», – иброз дошт сафир.

Шурӯъ аз 12-уми ноябр ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон интиқоли сӯзишворӣ аз корхонаҳои коркарди нафти Русияро бидуни назардошти боҷи содиротӣ оғоз намуданд, ки ба поинравии нархи маҳсулоти нафтӣ дар бозори дохилии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Воридоти ҳаҷми аввали сӯзишвории бидуни боҷи содиротӣ аз Русия аллакай аввали моҳи декабр дар назар буда, бензини навъи АИ-92 аз 6,40 сомонии имрӯза метавонад то 5 сомонӣ барои 1 литр арзон шавад.

Созишномаи мазкурро ҳукумати Тоҷикистон моҳи май тасдиқ намуд, вале аз ҷониби ҳукумати Русия ин санад ҳанӯз ба тасвиб нарасидааст. Мутобиқи тавозуни индикативии маъқулшуда, ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтии Русия бидуни ситонидани боҷи содиротӣ бо назардошти талаботи афзояндаи ҷумҳурӣ дар сатҳи 1 млн. тонна дар як сол пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки пас аз ҷорӣ шудани пардохти боҷӣ содиротӣ ба маҳсулоти нафтии Русия барои Тоҷикистон аз соли 2010, таъсири он ба нишондиҳандаҳои воридоти сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза зоҳир гардид. Масалан, ҳиссаи Русия дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон аз 92%-и соли 2010 имрӯз то ба 38% поин рафт.

Моҳҳои ахир дар ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон кишвари ҳамсояи Қирғизистон пешсаф шуд, ки ҳиссаи он дар бозор 43,2%-ро ташкил медиҳад. Қирғизистон низ ба Тоҷикистон сӯзишвории Русияро интиқол медиҳад. Ин ба он вобаста аст, ки Қирғизистон аз Русия маҳслуоти нафтиро бидуни боҷи содиротӣ дастрас намуда, сипас онро бо нархи нисбатан арзон ба кишварҳои сеюм интиқол медиҳад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...