Корҳои сохтмони МБГ «Душанбе-2» бомаром ҷараён доранд

Дар майдончаи сохтмонии «Маркази барқу гармидиҳӣ-2» дар шаҳри Душанбе корҳои сохтмон бомаром идома доранд. Бино ба иттилои шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, то имрӯз дар сохтмони «Маркази барқу гармидиҳӣ-2» 45 ҳазор метри мукааб бетон истифода шуда, айни замон сохтмони дегхонаи №1 ва лӯлаи дудбарор бо баландии 120 метр ва иншооти обсардкунӣ (градирня) бо баландии […]

ASIA-Plus


Дар майдончаи сохтмонии «Маркази барқу гармидиҳӣ-2» дар шаҳри Душанбе корҳои сохтмон бомаром идома доранд.

Бино ба иттилои шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, то имрӯз дар сохтмони «Маркази барқу гармидиҳӣ-2» 45 ҳазор метри мукааб бетон истифода шуда, айни замон сохтмони дегхонаи №1 ва лӯлаи дудбарор бо баландии 120 метр ва иншооти обсардкунӣ (градирня) бо баландии 90 метр пурра ба итмом расидааст.

«Бо дархости Вазорат аз тарафи мутахассисони ширкати “ТВЕА” корҳои сохтмони нуқтаи гармитақсимкунӣ ва хати интиқоли барқи баландшиддати 220 кВ аз «Маркази барқу гармидиҳӣ-2» то зеристгоҳи “Душанбе-500 кВ” босуръат идома дорад», – омадааст дар иттилои шуъбаи котиботи Вазорат.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон шумори коргарони иншоот беш аз 1,5 ҳазор нафар ва теъдоди техникаҳои дар корҳои сохтмонӣ истифодашаванда зиёда аз 150 ададро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе»-2» дар доираи созишномаи сеҷониба миёни Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, ҶСК «ТВЕА» (Чин) ва ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳкорӣ» бунёд мегардад.

Бояд зикр кард, ки “Маркази барқу гармидиҳӣ-2” 100 МВт иқтидор дошта, мавриди истифода қарор гирифтани блоки аввали марказ то оғози зимистони имсола дар назар аст. Марказ аз ду навбат 50 МВт иборат аст. Барои кори 1 дег дар 1 соат 31 тонна, дар як шабонарӯз 744 тонна ва дар як моҳ 22 ҳазору 320 тонна ангишт лозим аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ