«Равшан»-и Кӯлоб бори дуюм чемпиони Тоҷикистон шуд

Дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб бори дуюм ба унвони чемпиони Тоҷикистон шарафёб гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар даври навбатии чемпионати футболи Лигаи олии мамлакат футболбозони «Равшан» дар меҳмонӣ дастаи «Энергетик»-и Душанберо бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст дода, дигар барои ҳарифон дастнорас гардиданд. Акнун дастаи «Равшан» Тоҷикистонро дар мусобиқоти даври гурӯҳии […]

ASIA-Plus


Дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб бори дуюм ба унвони чемпиони Тоҷикистон шарафёб гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар даври навбатии чемпионати футболи Лигаи олии мамлакат футболбозони «Равшан» дар меҳмонӣ дастаи «Энергетик»-и Душанберо бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст дода, дигар барои ҳарифон дастнорас гардиданд. Акнун дастаи «Равшан» Тоҷикистонро дар мусобиқоти даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2014 намояндагӣ мекунад.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ба медалҳои нуқраи чемпионати имсола соҳиб гардида, чун моҳи октябри соли ҷорӣ Ҷоми Тоҷикистонро ба даст оврада буд, ин даста низ дар мусобиқоти Ҷоми КФО-2014 ширкат хоҳад варзид.

Барои ба даст овардани медалҳои биринҷии чепионат дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода рақобат доранд. Дар ин давр бозии дастаи «Хайр» бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа мусовӣ 0 бар 0 анҷом ёфта, акнун дар даври охир ваҳдатиёнро зарур аст, ки ҳадди ақал як имтиёз ба даст оваранд, то ки ҷойи сеюмро ишғол намоянд.

Бозиҳои дигари ин давр чунин анҷом ёфтанд: «Регар-ТадАЗ» – Истаравшан – 2:1, «Хуҷанд» – «Парвоз» – 1:0 ва «Истиқлол» – КМВА «Помир» (даври 15-ум) – 3:0.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.