Рӯзномаи «ИмрузNews» аз болои қарори судҳои зинаҳои поёнӣ оид ба парванда бо Рустам Ҳукумов, писари роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба Суди олӣ аризаи шикоятӣ пешниҳод кард.
Сардабири рӯзнома Назири Нусрат ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аризаи даъвогӣ рӯзи 13-уми ноябр ба суд пешниҳод шуда, дар он зикр мегардад, ки қарори судҳои зинаи поёнӣ дар бораи аз ҷониби рӯзнома пардохт шудани 50 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ ба Р.Ҳукумов барои паст задани шаъну эътибор дар мақолаи «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» – и падарҳо шудаанд» ғайриқонунӣ аст.
«Мо борҳо дар мурофиаҳои судӣ изҳор намудем, ки аризаи даъвогии Ҳукумов бепоя ва беасос аст, вале судҳо бидуни омӯзиши ҳамаҷонибаи қазия қарор содир карда, чандин маротиба дархостҳои собиткунандаи мо дар ин бораро рад карданд ва аҷобаташ он аст, ки онҳо матни қарорҳои якдигарро нусхабардорӣ мекарданд. Мо бар ин назарем, ки судя дар тамоми ҷараёни мурофиа парвандаро бо тартиби якҷониба ба манфиати Ҳукумов баррасӣ намуд ва аз ин рӯ, мо аз болои қарори онҳо ба Суди олӣ аризаи даъвогӣ пеш овардем», – гуфт Назири Нусрат.
Ёдрас мекунем, ки моҳи июн коллегияи суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии рӯзномаи «ИмрузNews» нисбати қарори суди ноҳияи Исмоили Сомониро қонеъ накард. Дар қарори судя Низомов таъкид шуда буд, ки газета ягон далели тасдиқкунандаи воқеияти мавзӯи дар мақола зикршударо пешниҳод карда натавонист.
Қобили зикр аст, ки ахири моҳи январ Рустам Ҳукумов ба суди ноҳияи Синои пойтахт нисбати рӯзномаи «ИмрузNews» оид ба ҳифзи шаъну эътибор даъво пеш овард. Дар аризаи даъвогӣ Р.Ҳукумов аз суд дархост намуд ки аз идораи рӯзнома ба манфиати ӯ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ товони зарари маънавӣ рӯёнида шавад. Нашри мавод дар рӯзнома таҳти унвони «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» – и падарҳо шудаанд» аз 16-уми октябри соли гузашта ба пешниҳоди аризаи даъвогӣ боис гардид.
Соли 2010 Рустам Ҳукумов дар Русия ба иттиҳоми даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 9,5 соли зиндон маҳкум шуда, моҳи декабри соли 2011 аз рӯи ҳамин парванда бегуноҳ эътироф шуд.
Он замон аксари коршиносон эътирофи бегуноҳии Р.Ҳукумовро ба озодии халабони рус Владимир Садовничий ва ҳамтои эстонии ӯ Алексей Руденко рабт доданд, ки соли 2011 аз ҷониби суди Қӯрғонтеппа ба муддати 8,5 соли зиндон маҳкум гардида, сипас бо қарори зинаи таҷдиди назари судӣ муҳлати ҷазояшон то 2 солу 6 моҳ кам ва аз толори суд озод гардида буданд.
Чӣ тавре ки қаблан раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Зокир Аминов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, дар даъвояш Рустам Ҳукумов изҳор доштааст, ки ӯ ба хулосаҳои журналист дар мавриди гӯё аз ҷониби ҳукуматдорони тоҷик «иваз шудани ӯ ба халабонони русиягиву эстонӣ Владимир Садовничий ва Алексей Руденко аз ҳабс» қатъиян розӣ нест ва тақозо кардааст, ки ин далел аз ҷониби идораи рӯзнома собит карда шавад.


