Ҳалокати муҳоҷири ба ватан баргашта аз хӯриши заҳролуд

Date:


Як муҳоҷири ба ватан баргашта, сокини 27-солаи деҳаи Сафедоби ҷамоати Панҷрӯди ноҳияи Ҳамадонӣ И.К. аз истемоли хӯриш (салат)-и хобонидашуда заҳролуд ва ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори маркази №2-и нозироти санитарӣ-эпидемиологии минтақаи Кулоб Саидасвар Аламов дар ин робита иттилоъ дод, муҳоҷири ба ватан баргашта ду нафар дӯстонашро ба манзили худ барои хӯрдани оши палав даъват намуда, аз хӯриши хобонидашудаи  модараш, ки дар шароити хона таҳия гардида буд, заҳролуд мешавад.

«Пас аз 12 соати истеъмоли таъом И.К. ва меҳмононаш ба бемористон оварда шуда, наҷоти соҳибхона ба табибон муяясар нашуд ва айни замон вазъи солимии дӯстонаш бехатар аст», – изҳор намуд Аламов.

Сардухтури санитарии минтақа аз он изҳори таассуф намуд, ки эпидемиологҳо мудом тавассути телевизиону дигар ВАО тадбирҳои эҳтиётиро ба сокинон шарҳ медиҳанд вале то ҳанӯз аҳолӣ дар тайёр кардани хӯришҳои хобонидашуда аз сабзавот ба саҳлангорӣ роҳ медиҳанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...