Омодагии Исфара ба ҳамоиши сармоягузорӣ баҳри рушди шаҳр

Рӯзи 27-уми ноябр дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд ҳамоиши сармоягузорӣ оид ба барномаи рушди шаҳр доир мегардад, ки аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Барномаи рушди СММ ва ЮНИСЕФ созмон дода мешавад. Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳадафи аслии дастандаркорони ҳамоиш […]

Аваз Юлдошев


Рӯзи 27-уми ноябр дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд ҳамоиши сармоягузорӣ оид ба барномаи рушди шаҳр доир мегардад, ки аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Барномаи рушди СММ ва ЮНИСЕФ созмон дода мешавад.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳадафи аслии дастандаркорони ҳамоиш ҷалби сармоягузорӣ ба рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр мебошад. «Дар кори ҳамоиш беш аз 100 нафар соҳибкорони ватаниву хориҷӣ, 25 созмони хориҷӣ, роҳбарони вазорату идорахои дахлдори ҷумҳурӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат хоҳанд варзид», – иброз дошт ӯ.

Дар идома зикр гардид, ки дар ҳамоиш барномаи рушди шаҳри Исфара дар давраи солҳои 2013-207, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуд, муаррифӣ мешавад. «Дар доираи ин барнома амалисозии 338 лоиҳа ба маблаги умумии 1 млрд. 480,6 млн. сомонӣ дар қаламрави шаҳри Исфара дар назар аст», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ