Раиси БМТ: Низоми бонкии Тоҷикистон аз идеал дур аст

– Низоми бонкии Тоҷикистон аз идеал дур аст, зеро дар марҳилаи ташаккул қарор дорад, – гуфт рӯзи 14-уми ноябр зимни муаррифии гузориши «Дурнамои рушди иқтисоди минтақавии Қафқоз ва Осиёи Марказӣ»-и Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон. Ӯ зикр кард, ки интиқоди заифии бахши бонкии ҷумҳурӣ воқеӣ буда, вале набояд фаромӯш кард, […]

Заррина Эргашева


– Низоми бонкии Тоҷикистон аз идеал дур аст, зеро дар марҳилаи ташаккул қарор дорад, – гуфт рӯзи 14-уми ноябр зимни муаррифии гузориши «Дурнамои рушди иқтисоди минтақавии Қафқоз ва Осиёи Марказӣ»-и Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Ӯ зикр кард, ки интиқоди заифии бахши бонкии ҷумҳурӣ воқеӣ буда, вале набояд фаромӯш кард, ки ин кор аз сифр оғоз гардида, баҳри расидан ба натиҷаи назаррас роҳи дуру дарозеро тай мебояд кард.

«Пешравиҳои муайян ба назар мерасанд, аз ҷумла бақияи қарзҳо ва суръати қарздиҳӣ соли равон ба таври қобили мулоҳиза зиёд шуданд. Масалан, дар муқоиса бо соли гузашта суръати қарздиҳии хурд 48% ва дар маҷмӯъ ҳаҷми қарздиҳӣ дар қиёс бо 9 моҳи соли гузашта  37% афзуд», – иброз дошт А.Ширинов.

Намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон Айдин Биболов зикр кард, ки имрӯз дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистону Тоҷикистон сатҳи пардохт нашудани қарзҳо хеле баланд аст ва дар Тоҷикистон ҳудуди 70%-и амонатҳо бо асъори хориҷӣ мебошанд, ки кишварро дар вазъи буҳронӣ осебпазир месозад.

«Бахши молиявии Тоҷикистон ба қадри кофӣ рушдёфта нест, яъне амонатҳо дар сатҳи паст – ҳудуди 14% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қарор доранд ва ба эътимоди мардум ба бонкҳову ба низоми идоракунии хатарҳо беҳбудӣ мебояд бахшид», – гуфт намояндаи доимии ХБА дар ҶТ.

Дар робита ба таваррум А.Ширинов зикр кард, ки мизони он дар зарфи 10 моҳ 3,1%-ро ташкил дод, ки бо маълумоти ХБА – 5,1% аз рӯи натоиҷи сол мувофиқ нест. «Мо бовар дорем, ки сатҳи таварруми имсол 4-4,5%-ро ташкил дода, нишондиҳандаи ММД – 7,4% низ бад нест, вале поинравии суръати иқтисод дар Русия метавонад ба коҳиши воридоти маблағҳои пулӣ аз Русия боис гардад, ки асосан маблағҳои муҳоҷирон ва маблағҳо аз содироти хурд мебошанд ва ин вазъ метавонад вазъи бозори асъори Тоҷикистонро муташанниҷ созад», – изҳор кард раиси БМТ.

Раиси БМТ изҳори умедворӣ намуд, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаҳои нави истеҳсоли масолеҳи сохтмон, аз ҷумла корхонаҳои сементбарорӣ имкон хоҳанд дод, ки арзиши сохтмон дар як сатҳи муътадил нигоҳ дошта шавад. «Бо назардошти анҷоми қарибулвуқӯъи сохтмони марказҳои барқу гармидиҳӣ, дар бахши тавлиди нерӯи барқ низ метавон аз пешравиҳои назаррас интизорӣ дошт», – афзуд Абдуҷаббор Ширинов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.