Дар гузашти низомие, ки ба муносибати ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ, 16-уми ноябр баргузор мешавад, авиатсияи низомӣ низ иштирок мекунад.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ подполковник Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки пас аз гузашти сарбозону афсарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 10 чархболи ҷангӣ ва ҳамин миқдор ҳавопаймоҳо низ дар як саф болои фазои майдони «Дӯстӣ» ба парвоз хоҳанд омад. «Баъди ин гурӯҳи десантчиёни ҳавоӣ низ ба майдон фуруд меоянд», – иброз дошт ӯ.
Номбурда таъкид намуд, ки дар гузашти низомии мазкур техникаи ҳарбии рӯйизаминӣ истифода нахоҳад шуд.
Ёдрас мекунем, ки баъди маросими савгандёдкунии сарвари давлат дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо иштироки беш аз 7 ҳазор афсарону сарбозони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузашти низомӣ доир мегардад.
То гузашти низомӣ маросими савгандёдкунии хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, сарбозон ва афсарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба садоқат ба президенти тозаинтихоб баргузор мешавад.
Ба гузашти низомӣ сардори гарнизони Душанбе, фармондеҳи нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи ҶТ генерал-майор Латиф Файзиев фармондеҳӣ карда, гузаштро вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев қабул хоҳад намуд.


