Пешгӯии ХБА оид ба коҳиши интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар соли 2014

Поинравии рушди иқтисодӣ дар Русия яқинан бо он оварда мерасонад, ки соли 2014 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон аз ин кишвар коҳиш меёбанд. Ин пешгӯӣ зимни муаррифии гузориши «Дурнамои рушди иқтисоди минтақавии Қафқоз ва Осиёи марказӣ»-и Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) зикр гардид. Қобили зикр аст, ки ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон […]

Заррина Эргашева


Поинравии рушди иқтисодӣ дар Русия яқинан бо он оварда мерасонад, ки соли 2014 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон аз ин кишвар коҳиш меёбанд.

Ин пешгӯӣ зимни муаррифии гузориши «Дурнамои рушди иқтисоди минтақавии Қафқоз ва Осиёи марказӣ»-и Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) зикр гардид.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли равон 1 млрд. 678 млн. доллари ИМА-ро ташкил доданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 45% зиёдтар аст.

Соли 2012 аз Русия ба Тоҷикистон 3,8 млрд. $ ва як сол қабл, соли 2011 бошад, ҳудуди 3 млрд. доллари ИМА маблағи пулӣ интиқол гардида буд. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2012 маблағҳои пулии аз Русия интиқолшуда ҳудуди 50%-и ҳаҷми Маҷаҳслуоти дохилии ҷумҳуриро ташкил доданд.

Бино ба маълуомти ХБА, суст шудани рушди иқтисод дар Русия барои кишварҳои воридкунандаи нафт дар минтақа хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. «Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон аз Русия то имрӯз ба таври кофӣ назаррас боқӣ мемонанд ва поинравии қобили мулоҳизаи рушди иқтисод дар Русия, метавонад ба ҳаҷми онҳо дар оянда таъсири манфӣ гузорад», – гуфта мешавад дар гузориш.

Намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон Айдин Билолов зикр кард, ки давоми солҳои 2013-2014 дар кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ суръати баланди рушди иқтисод, тақрибан дар ҳудуди 6% нигоҳ дошта мешавад.

«Ба ҷуз Тоҷикистону Қирғизистон, дар дигар кишварҳои минтақа соли 2014 афзоиши суръати рушди иқтисод дар назар буда, агар он аз ҷониби зиёд шудани сармоягузориҳои хусусӣ ва талаботи берунӣ бо шарти татбиқи комили чорабиниҳои сиёсати тарҳрезишуда дастгирӣ шавад, сатҳи ин афзоиш метавонад ба ҳисоби миёна каме зиёдтар 5%-ро ташкил диҳад», – иброз доштааст номбурда.

Дар гузориши мазкур ба кишварҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ муттаҳид намудани воситаҳои молияи давлатӣ баҳри таъмини устувории буҷет ва ташаккули захираҳо барои роҳандозии сиёсати иқтисодӣ, фароҳам овардани шароитҳо барои истифодаи буҷет, назорати хароҷот, тавсеъаи заминаи андозбандӣ ва истифодаи ин воситаҳо барои беҳбуди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини сармоягузорӣ ба бахшҳои тандурустиву маориф ва зербинои иқтисод тавсия дода мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ