Имрӯз дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ дар доираи лоиҳаи «Мубориза алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон» барои кормандони мақомоти прокуратураи вилоят тренинги якрӯза оғоз гардид.
Чунин тренингҳои созмондодашуда аз ҷониби Прокуратураи генералӣ дар ҳамдастӣ бо ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» дар саросари кишвар – шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон низ гузаронида мешаванд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» хабар доданд, дар ҷараёни кори тренинг кормандони мақомоти тафтишотӣ бо паҳлӯҳои хоси тафтиши шикояту парвандаҳои ҷиноӣ оид ба ҳолатҳои имконпазири истифодаи шиканҷа ва дигар навъҳои кирдори бераҳмона аз наздик ошно мегарданд.
Зимнан зикр гардид, ки дар давраҳои омӯзиши тибқи лоиҳаи «Мубориза алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон» ҳудуди 80 нафар кормандони Прокуратураи генералӣ бо тарзҳои тафтиши пурсамари ҳолат ва парвандаҳои марбут ба шиканҷа омӯзонида мешаванд.


