Оғози ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати ИДМ

Date:


Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки имрӯз дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск ба кор оғоз мекунад, Тоҷикистонро муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Саидғуфрони Абдулло намояндагӣ мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯро атрофи масоили марбут ба инъикоси мавзӯи муҳоҷират дар ВАО, ташкили бозори умумии кор ва таъсири он ба танзими раванди муҳоҷират дар кишварҳои узви ИДМ, роҳандозии ҳамкориҳо бо диаспораҳои миллӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати дастгирии шаҳрвандони қонунӣ дар қаламрави кишварҳои дигар қарордошта ва мутобиқати онҳо ба шароитҳои иҷтимоиву фарҳангии кишвари будубош табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа баррасии беш аз 10 масъала, аз ҷумла лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Консепсияи сиёсати мувофиқашудаи иҷтимоӣ ва демографӣ, ҷараёни иҷрои Барномаи ҳамкорӣ бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар давраи солҳои 2012-2014, мавқеи кишварҳо дар масъалаи пешниҳоди паноҳгоҳ ва мақоми гуреза ва барномаи омодасозии мутахассисони машғул ба масоили муҳоҷират дар назар аст.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, масоили танзими муҳоҷирати кории наздимарзӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байнулмилалӣ дар ҳалли ушкилоти муҳоҷират низ мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаи Шӯро қарор хоҳанд гирифт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...