Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони тоҷику эронӣ дар Душанбе

Дар ҳошияи баргузории Намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалии «Тоҷикистон-2013», ки рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта дар «Кохи Борбад» ба итмом мерасад, ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони тоҷику эронӣ баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ (ПСС ҶТ), вохӯрӣ бо дархости соҳибкорони эронӣ, ки ба роҳандозии ҳамкорӣ бо аъзои ПСС ҶТ бо мақсади таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар […]

ASIA-Plus


Дар ҳошияи баргузории Намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалии «Тоҷикистон-2013», ки рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта дар «Кохи Борбад» ба итмом мерасад, ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони тоҷику эронӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ (ПСС ҶТ), вохӯрӣ бо дархости соҳибкорони эронӣ, ки ба роҳандозии ҳамкорӣ бо аъзои ПСС ҶТ бо мақсади таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳавасманданд, ташкил гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони ширкатҳои эронии машғул ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маснӯот аз пластика, маводи бандубасти шаклҳои гуногун, нӯшокиҳои ғайримашруботӣ, равғани растанӣ, маҳсулот барои тифлон ва ҳамчунин таҷҳизот барои ҳамлу нақли бору коло ширкат варзиданд.

Муовини раиси ПСС ҶТ Асаналӣ Карамалиев ба меҳмонон маълумот дод, ки яке аз вазифаҳои Палата мусоидат ба соҳибкорон дар таъсиси корхонаҳои муштарак бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ, технологияҳои муосир бо истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Сипас Муҳаммад Умронӣ, роҳбари ширкати байнулмилалии намоишгоҳии «Роҳи рушди Осиё»дар бораи ширкатҳои дар вохӯрӣ ва намоишгоҳ ҳузурдошта, аз ҷумла «Ираниан асак семент групп», «Пӯлод Пуиш Ко», «Сино», «Асатаробар Шарқ», «Golghatre Toos», «Гаҷибурии пелостикии модерн», «Yashm Paint Resin», «Нулон Агри Девелопмент» ва ғайра маълумот дода, намояндагони ширкат низ дар бораи фаъолият ва нияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳори назар карданд.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби Тоҷикистон намояндагони ширкатҳои «Содирот», ТҒД «Умед», Ассотсиатсияи «Пайки меҳр», МОИ «Панҷ», ҶДММ «Ширин», ҶДММ «Роҳи абрешим», ширкатҳои «Меҳрдод Интернейншл», «Глобал Тоҷиктранс», намояндагии Бонки Латвия дар ҶТ ва ғайра иштирок карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокчиён гуфтушунидҳои инфиродӣ баргузор шуда, пешниҳодҳо оид ба истеҳсоли сементи сафед, қолинҳои дастӣ, маснӯот аз пластика ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Меҳмонон ҳамчунин ба таъсиси корхонаҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мароқ зоҳир намуданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?