Идомаи вуруди барқияҳои табрикии сарони кишварҳо ба Эмомалӣ Раҳмон

Вуруди барқияҳои табрикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати бори навбатӣ ба мақоми президенти Тоҷикистон интихоб шуданаш идома дорад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи шодбошии президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан аз рушди муваффақонаи муносиботи байни кишварҳо изҳори қаноатмандӣ зоҳир гардида, ба таъмини минбаъдаи ин раванд боварӣ изҳор мегардад. Дар барқияи табрикотии президенти […]

ASIA-Plus


Вуруди барқияҳои табрикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати бори навбатӣ ба мақоми президенти Тоҷикистон интихоб шуданаш идома дорад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи шодбошии президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан аз рушди муваффақонаи муносиботи байни кишварҳо изҳори қаноатмандӣ зоҳир гардида, ба таъмини минбаъдаи ин раванд боварӣ изҳор мегардад.

Дар барқияи табрикотии президенти Покистон Мамнун Ҳуссайн таъкид мегардад, ки Тоҷикистон ва Покистон муносибатҳои олии дӯстона доранд ва ин муносибатҳо байни ду кишвари бародар ҳамеша самимӣ буда, дар натиҷаи саъю кушишҳои дуҷониба муносибатҳо дуҷониба дар ояндаи наздик боз ҳам рушд хоҳанд ёфт.

Дар барқияи шодбошии Президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбегдорҷ омадааст: «Итминон дорам, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ миёни Муғулистону Тоҷикистон минбаъд бо назардошти манофеи халқҳоямон рушду таҳким хоҳанд ёфт».

Ҷеймс Аппатурай, намояндаи махсуси Намояндаи махсуси Дабири кулли НАТО дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар номаи шодбошии худ ба рушди муколама ва ҳамкорӣ байни Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ва Тоҷикистон изҳори эътимод намуда, таъкид месозад, ки «боварӣ дорам, ки мо метавонем муносибати Тоҷикистонро бо Алянс тавассути дастгирии талошҳои ислоҳот бо Барномаи шарикии инфиродӣ ва ҳамкорӣ таҳким намоем».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ