Манъи ҳаракати нақлиёт дар маркази пойтахт рӯзи савгандёдкунии президент

Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки вобаста ба баргузоршавии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ, рӯзи 16 ноябри соли равон аз соати 06:00 то анҷоми чорабиниҳо дар хиёбони Рӯдакии пойтахт аз чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ-кӯчаи Карамов сар карда, то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ – кӯчаи Бухоро, нигоҳдорӣ ва таваққуфи ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар назди […]

ASIA-Plus


Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки вобаста ба баргузоршавии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ, рӯзи 16 ноябри соли равон аз соати 06:00 то анҷоми чорабиниҳо дар хиёбони Рӯдакии пойтахт аз чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ-кӯчаи Карамов сар карда, то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ – кӯчаи Бухоро, нигоҳдорӣ ва таваққуфи ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар назди биноҳои истиқоматӣ ва биноҳои ташкилоту муассисаҳо, ки ҳамшафати роҳи автомобилгарди хиёбони Рудакӣ мебошанд, манъ карда мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, вобаста ба баргузоршавии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе, рӯзи 16 ноябри соли равон аз соати 06:00 то анҷоми чорабиниҳо харакати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар минтақаҳои зерини кӯчаю хиёбонҳои пойтахт, манъ карда мешавад:

– хиёбони Рӯдакӣ аз чорроҳаи Рӯдакӣ-Карамов то чорроҳаи Рӯдакӣ-Бухоро;

– хиёбони И.Сомонӣ аз чорроҳаи И.Сомонӣ-Рӯдакӣ то чорроҳаи И.Сомонӣ-Ҳ.Шерозӣ;

– кӯчаи Шероз аз чорроҳаи Шероз-И.Сомонӣ то чорроҳаи Шероз-Бухоро;

– кӯчаи Ҷ.Икромӣ ва Шевченко аз майдони Дустӣ то чорроҳаи кӯчаҳои Шевченко-Бухоро;

– кӯчаи Л.Шералӣ аз чорроҳаи Л.Шералӣ-Рӯдакӣ то чорроҳаи Л.Шералӣ-М.Турсунзода;

– кӯчаи Ф.Ниёзӣ аз чорроҳаи Ф.Ниёзӣ-Шероз то чорроҳаи Ф.Ниёзӣ-М.Турсунзода;

– кӯчаи Саид Носир аз чорроҳаи Саид-Носир-Рӯдакӣ то чорроҳаи Саид Носир-Ҳ.Шерозӣ;

– кӯчаи Шоҳтемур аз чорроҳаи Шоҳтемур-Шероз то чорроҳаи Шоҳтемур-М.Турсунзода;

– кӯчаи Шотта Руставели аз чорроҳаи Шотта Русатавели- Рӯдакӣ то  чорроҳаи Шотта Руставели-Бохтар;

– кӯчаи Теҳрон аз чорроҳаи Теҳрон-Шероз то чорроҳаи Теҳрон-Бохтар.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.