Баррасии тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаи CASA-1000 дар Вазорати молия

Зимни вохӯрии чанде қабл доиргардидаи вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон Марша Олив масоили муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба иттилои шуъбаи котиботи Вазорати молияи ҶТ, ҷонибҳо ба масоили ҳамкориҳо дар бахши энергетикаи Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаи сохтмони хатти […]

ASIA-Plus


Зимни вохӯрии чанде қабл доиргардидаи вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон Марша Олив масоили муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои шуъбаи котиботи Вазорати молияи ҶТ, ҷонибҳо ба масоили ҳамкориҳо дар бахши энергетикаи Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаи сохтмони хатти баландшиддати барқи CASA-1000 таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, зикр карданд, ки ин лоиҳа хеле худкифо хоҳад буд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин оид ба амалисозии барномаҳои минбаъдаи муштарак ва зарурати ҳамоҳангсозии муносибатҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд, Хазинаи байнулмилалии асъор ва дигар созмонҳои байнулмилалии моливу бонкӣ изҳори назар намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот зимнан зикр гардид, ки тамоми тадбирҳои пешгирифта аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум нигаронида шудаанд.

Гуфта мешавад, Наҷмиддинов ба намояндаи БҶ миннатдорӣ изҳор намуда, зикр кард, ки дар давоми ҳамкорӣ бо бонк, бахусус дар қисмати баргузор намудани ислоҳот дар бахшҳои молиявӣ пешравии назаррас ба даст оварда шуд.

Зикр гардид, ки дар мулоқот ҳамчунин роҳбари лоиҳаи CASA-1000, сарвари барномаи энергетикӣ оид ба Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Сунил Кумар Хосла низ ҳузур дошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.