Ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ 4,3 млрд. $ дар 10 моҳ

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-октябри соли равон 4 млрд. 332,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар ба 4 млрд. 117,8 млн. доллари ИМА баробар шуда буд. Ба иттилои манбаъ, аз ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷӣ содирот 970 […]

Заррина Эргашева


Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-октябри соли равон 4 млрд. 332,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар ба 4 млрд. 117,8 млн. доллари ИМА баробар шуда буд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷӣ содирот 970 млн. ва воридот беш аз 3,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, моҳи октябри соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 524,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нишондиҳандаи беҳтарини сол мебошад.

Зикр мегардад, ки аз ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷӣ беш аз 40% ё худ 1 млрд. 759 млн. доллари ИМА ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 2 млрд. 571 млн. доллари ИМА ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд.

Дар зарфи 10 моҳи соли гузашта ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон нисбати кишварҳои узви ИДМ – 44,3% ё худ 1 млрд. 823,6 млн. доллари ИМА ва нисбати кишварҳои хориҷи дур – 55,7% ё худ 2 млрд. 294,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ