Дар Хатлон филиалҳои нави «Амонатбонк» боз шуданд

Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дошт. Тавре аз хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк» иттилоъ доданд, Гулнора Ҳасанова дар якҷоягӣ бо намояндагони вилояти Хатлон ва мақомоти маҳаллиии ноҳия дар маросими  кушодашавии биноҳои филилаҳои Бонк дар ноҳияи Муъминобод ва Ҳамадонии вилояти Хатлон ширкат варзид. Ба иттилои […]

ASIA-Plus


Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дошт.

Тавре аз хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк» иттилоъ доданд, Гулнора Ҳасанова дар якҷоягӣ бо намояндагони вилояти Хатлон ва мақомоти маҳаллиии ноҳия дар маросими  кушодашавии биноҳои филилаҳои Бонк дар ноҳияи Муъминобод ва Ҳамадонии вилояти Хатлон ширкат варзид.

Ба иттилои манбаъ, бинои филиали бонк дар ноҳияи Мӯъминобод аз ду ошёна иборат буда дорои 12 утоқи корӣ барои 22 нафар корманди ин филила ва мизоҷони он хизмат мерасонад. Дар маросими кушодашавии ин бино ба 40 нафар пирони барнодили ноҳия, ки даъват шуда буданд ёрдампулӣ пешниҳод карда шуд.

Гуфта мешавад, имрӯз дар филилали Амонатбонки ноҳияи мазкур ҳамагуна хизмарасониҳои бонкӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст ва аз ҷумла нафақагирони ноҳия, ки  нафақапулии худро маҳз аз Амонатбонк дастрас мекунанд аз ифтитоҳи ин бино изҳори миннатдорӣ намуданд. Имрӯз талаботи якмоҳаи нафақа дар ноҳияи Муъминобод 1 млн. 680 ҳазор сомониро дар бар мегирад ва шумораи умумии нафақагирони ноҳия 6183 нафарро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар маросими боз шудани бинои нави филилаи «Амонатбонк» дар ноҳияи Ҳамадонӣ нафақагирони ноҳия баён намуданд, ки масъалаи пардохти нафақа ва хизмарасониҳои кормандони филиал барои беҳдошти рӯзгори онон ва пардохти саривақтии нафақапулии онҳо равона карда шудааст. Пас аз ифтитоҳи ин бинои Амонатбонк ба 20 нафар пирони рӯзгордидаи ноҳия кумакипулҳо тақдим карда шуд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз филиали Амонатбонк дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар баробари дигар мизоҷони худ боз ба  11 ҳазору  426 нафар нафақагир бо талаботи якмоҳаи 1 млн. 294 ҳазор сомонӣ хизмат мерасонад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.