Кинофестивал дар бораи ҳаёти одамони имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд

Рӯзҳои 17-18-уми ноябри соли равон дар толори  Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев Иттиҳоди миллии созмонҳои волидони кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуди  ҶТ бо кӯмаки молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Барномаи шабакавии дастгирии таҳсилоти Лондон/Будапешт Кинофестивали «Нигоҳи баробар»-ро баргузор мекунад, ки дар бораи ҳаёти одамони имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд ҳикоят мекунад. Тавре […]

ASIA-Plus


Рӯзҳои 17-18-уми ноябри соли равон дар толори  Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев Иттиҳоди миллии созмонҳои волидони кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуди  ҶТ бо кӯмаки молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Барномаи шабакавии дастгирии таҳсилоти Лондон/Будапешт Кинофестивали «Нигоҳи баробар»-ро баргузор мекунад, ки дар бораи ҳаёти одамони имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд ҳикоят мекунад.

Тавре аз ИҶК-БМ дар ҶТ иттилоъ доданд, ҳадафи кинофестивали мазкур тавассути навору филмҳои кӯтоҳ ҷалб кардани таваҷҷуҳи ҷомеа ба проблемаҳои одамони имкониятҳояшон маҳдуд ва нишон додани қудратмандии онҳо дар талоши зиндагӣ мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дар кинофестивал ролику филмҳо дар бораи одамони имкониятҳояшон маҳдуд, ки дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистону Русия наворбардорӣ шудаанд, намоиш дода мешаванд.

Гуфта мешавад, дар кинофестивал тамошобинон имконият доранд, ки бо қаҳрамонҳои асосии филмҳо, ки дар чорабинии мазкур ҳузур доранд, муколама кунанд. Ҳамчунин тамошобинон 3 навор ва  филми беҳтарини кинофестивалро интихоб мекунанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар рӯзи дуюми кинофестивал консерт бо иштироки кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд ва ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.