Нашри маълумотномаи «Суроғаи марказҳои ҳуқуқӣ» дар Тоҷикистон

Филиали Ассотсиатсияи “ХЕЛЬВЕТАС Свисс Интеркооперейшен”  дар Тоҷикистон маълумотномаро бо суроға ва рақами телефонхои марказҳои ёрии ҳуқуқии ройгони давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки дар тамоми қаламрави кишвар фаъолият доранд, ба табъ расонд. Тавре Дилбар Рӯзадорова, масъули бахши робита бо ҷомеаи Ассостсиатсия хабар дод, ин маълумотнома суроғахои 90 марказҳои ёрии ҳуқуқӣ ва 5 марказҳои буҳронӣ ва инчунин ҷадвали […]

ASIA-Plus


Филиали Ассотсиатсияи “ХЕЛЬВЕТАС Свисс Интеркооперейшен”  дар Тоҷикистон маълумотномаро бо суроға ва рақами телефонхои марказҳои ёрии ҳуқуқии ройгони давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки дар тамоми қаламрави кишвар фаъолият доранд, ба табъ расонд.

Тавре Дилбар Рӯзадорова, масъули бахши робита бо ҷомеаи Ассостсиатсия хабар дод, ин маълумотнома суроғахои 90 марказҳои ёрии ҳуқуқӣ ва 5 марказҳои буҳронӣ ва инчунин ҷадвали ҳозираи радио-эфирхои ҳуқуқиро дар бар дорад.

Ба иттилои номбурда, маълумотномаи «Суроғаҳои марказҳои ёрии ҳуқуқӣ» барои хар фарде, ки ба ёрии ҳуқуқӣ ниёз дорад, ҳамчун раҳнамо хизмат мекунад ва ба таври ройгон байни мақомотхои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва созмонхои рушд паҳн шудааст. Барои дарёфти он ба суроғаи электронии зер муроҷиат намоед:

[email protected]

Гуфта мешавад, ин маълумотнома дар чорчубаи лоиҳаи “Дастрасӣ ба адолат” аз ҷониби филиали Ассотсиатсияи “ХЕЛВЕТАС Свисс Интеркооперейшен” дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди СММ таҳия шудааст. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ маблағгузорӣ гашта, мақсади асосии он дар баланд бардоштани дониши ҳуқуқии ахолӣ ва беҳбуд намудани ёрии ройгони ҳуқуқӣ дар муомилаҳои оилавӣ равона шудааст.

Лоиҳа бо ташкилотҳои маҳаллии “ИНИС”, “Идораи Ҳуқуқи инсон ва риояи қонун”, “Маркази ҳуқуқи инсон”, “Мададгор”, “Лигаи занони ҳуқуқшинос” ва “Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон” ҳамкории зич дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ