Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск вазъи муҳоҷират дар паҳнои ИДМ мавриди баррасӣ қарор мегирад; – Дар шаҳри Хоруғ барои кормандони мақомоти тафтишотӣ оид ба паҳлӯҳои хоси тафтиши шикоят, парвандахои ҷиноӣ оид ба ҳолатҳои имконпазири истифодаи шиканҷа ва дигар навъҳои кирдори бераҳмона […]

ASIA-Plus



Анонс

– Дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск вазъи муҳоҷират дар паҳнои ИДМ мавриди баррасӣ қарор мегирад;

– Дар шаҳри Хоруғ барои кормандони мақомоти тафтишотӣ оид ба паҳлӯҳои хоси тафтиши шикоят, парвандахои ҷиноӣ оид ба ҳолатҳои имконпазири истифодаи шиканҷа ва дигар навъҳои кирдори бераҳмона семинари якрӯза баргузор мешавад;

– Дар коллеҷи cарҳадии САҲА дар Душанбе кори тренинг барои ҳайати раҳбарият дар мавзӯи «Ҳамгиройии фаъолияти таҳқиқотӣ ва таҳлили маълумот» идома меёбад, ки дар он кормандони воҳидҳои таҳлилии мақомоти зиддинашъаовар ва хадамоти гумруки кишварҳои Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон ва ҳамчунин Маркази таҳқиқоти стратегии Қирғизистон иштирок доранд.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7720

сомонӣ;


1

евро

– 6.3731

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1499

сомонӣ.  



Як рӯзи таърих


1934

– Дар Душанбе корхонаи таъмири автомобилҳо ба истифода дода шуд.


1946

– Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон матн ва мусиқии гимни давлатии ҶШС Тоҷикистон (шеъри А.Лоҳутӣ, оҳанги С.Юдаков)-ро тасдиқ намуд. Бори нахуст гимн тавассути радиои ҷумҳурӣ шунавонида шуд.


2002

– Дар Душанбе ба муносибати 10-умин солгарди иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии ҶТ даъвати 12-ум маҷлиси ботантана доир гардид.


1939

– Зодрӯзи овозхон Гулрафтор Шаҳобова.


1943

– Мавлуди рӯзноманигор Лутфишоҳи Додо.


1948

– Зодрӯзи хормейстер, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Холаҳмад Маҷидов.


1953

– Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фотима Тӯраева.


1954

– Зодрӯзи актёри театр Фирӯз Умаров.


1958

– Мавлуди сиёсатшинос Саидмурод Фаттоев.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +13+18.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона +7+12.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +16+21, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона +9+14.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -3-8, рӯзона +9+14;  дар шарқи вилоят шабона -17-22, рӯзона -3+2.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +19+21.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +14+16.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +21+23.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +20+22. 


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +11+13.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ