Директори генералии ширкати ТВЕА дар ҳузури нахуствазири ҷумҳурӣ

Нимаи дуюми имрӯз нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов директори генералии ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Банк Шуро ба ҳузур пазируфта, дар вохӯрӣ масоили амалисозии лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти сарвари давлат Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, ҷонибҳо ба масъалаи ҷараёни сохтмони Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» таваҷҷуҳи хосса зоҳир […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми имрӯз нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов директори генералии ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Банк Шуро ба ҳузур пазируфта, дар вохӯрӣ масоили амалисозии лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти сарвари давлат Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, ҷонибҳо ба масъалаи ҷараёни сохтмони Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

«Оқилов аз раҳбарияти ширкати Чин даъват ба амал овард, ки ба корҳои оғози сохтмони лӯлаҳои интиқоли гармӣ суръат бахшида шуда, бунёди иншооти тақсимоти гармӣ дар фурсатҳои наздик ба итмом расонида шавад», – гуфт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе»-2» дар доираи созишномаи сеҷониба миёни Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, ҶСК «ТВЕА» (Чин) ва ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳкорӣ» бунёд мегардад.

Бояд зикр кард, ки МБГ-и Душанбе-2 бо иқтидори 100 МВт дар ду навбат бунёд гардида, фаъолияти он аз тариқи истифодаи ангиштсанг ба роҳ монда мешавад.

Мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали марказ то оғози зимистони имсола дар назар аст.  Барои кори 1 дег дар 1 соат 31 тонна, дар як шабонарӯз 744 тонна ва дар як моҳ 22 ҳазору 320 тонна ангишт лозим аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.