Талбаков: Афзоиши ҳаҷми андози аксизӣ аз сӯзишворӣ бояд асоснок шавад

– Нияти ҳукумат дар бораи афзудани ҳаҷми пардохти андоз аз маводи сӯзишвории воридотӣ аз Русия бояд асоснок карда шавад, – иброз дошт дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков. Ба гуфтаи ӯ, бидуни созиш бо парлумон дар ин масъала, ҳукумат ба ин иқдом даст зада наметавонад, вале то имрӯз […]

Аваз Юлдошев


– Нияти ҳукумат дар бораи афзудани ҳаҷми пардохти андоз аз маводи сӯзишвории воридотӣ аз Русия бояд асоснок карда шавад, – иброз дошт дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков.

Ба гуфтаи ӯ, бидуни созиш бо парлумон дар ин масъала, ҳукумат ба ин иқдом даст зада наметавонад, вале то имрӯз дар ин хусус аз ҳукумат ба парлумон ҳеҷ пешниҳоде нарасидааст. «Агар чунин пешниҳод шавад, вакилон ҳатман аз ҳукумат ба кадом ҳадафҳо хароҷот шудани даромади иловагӣ аз ин иқдомро пурсон хоҳанд шуд ва агар ҳукумат нияти хароҷоти ин маблағ ба дастгирии нафақахӯрону бахши иҷтимоиро дошта бошад, мо ин пешниҳодро ҷониборӣ мекунем», – зикр кард Талбаков.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи январи соли ҷорӣ вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор намуд, ки вазорат

боло бурдани сатҳи андози аксизӣ

аз маҳсулоти нафтӣ, машрубот ва тамокуро ба ҳукумат пешниҳод хоҳад кард. Ба гуфтаи вай, феълан андози аксизӣ барои як тонна маҳсулоти нафтӣ 40 евроро ташкил медиҳад ва Вазорати молия ба ҳадди ниҳоӣ то 90 евро боло бурдани онро пешниҳод мекунад.

Дар шарҳи масъала С.Наҷмиддинов изҳор намуд, ки дар муқоиса бо кишварҳои дигар нишондиҳандаҳои андози аксизӣ дар Тоҷикистон хеле паст буда, дар қисмати даромади буҷет онҳо ҳамагӣ 2%-ро ташкил медиҳанд.

«Аммо ин кор алҳол ғайриимкон буда, бо назардошти воридоти маҳсулоти нафтӣ ба кишвар бо боҷи содиротии Русия, сӯзишворӣ дар дохили ҷумҳурӣ гарон аст. Мо қарор додем, ки ин масъаларо пас аз имзои созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи воридоти маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи содиротӣ мавриди ҳаллу фасл қарор диҳем», – иброз дошта буд вазири молияи кишвар.

Вазир ҳамчунин гуфта буд, ин пешниҳод ҳамчунин аз ҷониби вазорати рушди иқтисоду савдо, энергетикаву саноат ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ низ дастгирӣ шудааст.

Аввали моҳи феврали соли равон дар шаҳри Маскав аз ҷониби вазири энергетикаи Русия Александр Новак ва вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ Созишнома дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ

ба имзо расид

.

Зимни як нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ Ҳамдам Тағоймуродов изҳор намуд, ки ояндаи наздик нархи бензин дар ҷумҳурӣ устувор боқӣ монда, поинравии босуръати қимати онро пас аз имзои созишномаи нафтӣ бо Русия интизор набояд шуд, зеро он замон метавонанд сабабҳои дигар, аз ҷумла транзити маҳсулоти нафтӣ тавассути қаламрави Ӯзбекистон пайдо шаванд.

«Имрӯз ҳаҷми боҷи содиротӣ барои як тонна бензини ба ҳисоби миёна арзишаш 1 ҳазору 200 доллари ИМА-и Русия 30%-ро ташкил медиҳад ва мантиқан дуруст мебуд, агар нархи сӯзишвории аз ҷониби Русия воридшаванда низ ба ҳамин андоза поин равад ва ҳамин тавр ҳам мешавад, агар ба он омилҳои дигар халал нарасонанд», – гуфта буд ӯ.

Аммо вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ зимни нишасти хабарӣ дар ин робита зикр карда буд, ки мухолифи афзоиши андози аксизӣ аст. «Айни замон афзудани сатҳи андози аксизӣ мувофиқи мавқсад нест, зеро он ба арзиши сӯзишворӣ дар дохили кишвар таъсир расонида, табиист, ки хароҷоти он ба дӯши истеъмолгарон вогузор мегардад. Аз ин рӯ, мо афзудани сатҳи андози аксиро тавсия намедиҳем ва дар ин бора ҳукуматро низ огоҳ намудем», – гуфта буд ӯ ба журналистон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ