Вуруди барқияҳои табрикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати бори навбатӣ ба мақоми президенти Тоҷикистон интихоб шуданаш идома дорад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи шодбошии президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷи зикр мегардад, ки Ҳиндустон ва Тоҷикистон равобити анъанавии наздик ва дӯстона дошта, минбаъд низ ба нафъи мардуми кишварҳо рушд хоҳанд ёфт.
Дар барқияи табрикотии сарвазири Малайзия Дато Сри Мохд Наҷиб изҳори умедворӣ мешавад, ки зери роҳбарии хирадмандонаи президенти тозаинтихоб Тоҷикистон ҳаловати суботи сиёсиро идома дода, минбаъд низ ҷиҳати шукуфоӣ талош мекунад.
Дар барқияи табрикотии Дабири кулли Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Таир Мансуров изҳор мешавад, ки бо шарофати сиёсати давлатии самараноки Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ба комёбиҳои муҳим дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ ноил гардид.
Струан Стивенсон, вакили Парлумони Аврупо дар номаи шодбошии худ мегӯяд: «Талошҳои Шумо барои бунёди иқтисодиёти таҳким ва рушдёбанда, ки ба ташкили ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии тамоми тоҷикистониён нигаронида шудааст, боиси дастгирӣ аст. Нишонаи аввалини ин ҳаракат барои рушд, бешубҳа, хотимаи лоиҳаи сохтмони НОБ-и Роғун аст, ки эҳтиёҷоти энергетикии Тоҷикистонро қонеъ хоҳад гардонд, инчунин имконият хоҳад дод, ки қувваи барқ ба Покистон ва Афғонистон содир карда шавад. Орзу дорам, ки ин лоиҳа ҷомаи амал пӯшад».


