Бекор шудани лимити барқ барои тамошои маросими савгандёдкунии президент

Date:


Сарфи назар аз ҷорӣ шудани маҳдудият ба истифодаи барқ аз 26-уми октябри соли ҷорӣ, субҳи имрӯз интиқоли барқ ба манотиқи ҷумҳурӣ қатъ нагардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, иқдоми сабуктар шудани лимити истифодаи барқ ба хотири аз тамошои маросими савгандёдкунӣ ва ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани президенти тозаинихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳравар гардидани аҳолии ҷумҳурӣ рӯйи даст гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ширкати «Барқи тоҷик» аз 1-уми ноябр ба реҷаи истифодаи маҳдуди барқ дар Тоҷикистон тағйирот ворид намуда, акнун дар як шабонарӯз лимит ба 15 соат расонида шуд. Аз ин ба баъд интиқоли барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ рӯзона аз соати 09:00 то 17:00 ва шабона аз соати 22:00 то 05:00 қатъ карда мешавад. Реҷаи маҳдуди истифода барқ ба пойтахт, шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Турсунзода ва Чкаловск дахл нахоҳад дошт.

«Бинобар сабаби фарорасии сардӣ ва коҳиши ҳаҷми маҷрои об дар дарёи Вахш ШСХК «Барқи тоҷик» тасмим гирифт, ки реҷаи маҳдуди истифодаи барқро ҷорӣ намояд. Барои назорати риояи реҷаи муқаррашуда ширкат кори телефонҳои боварии шабонарӯзиро ҷонноктар кард. Тавассути телефонҳои 235-86-74, 235-86-84, 610-60-50 ва 295-202 истеъмолгарони барқ метавонанд ба саволҳои худ посух дарёбанд», – шарҳ дода буд ин тасмимро сухангӯи ширкат Нозирҷон Ёдгорӣ.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон даҳаи аввали моҳи октябр ҷорӣ мегардид. Соли гузашта лимити истифодаи барқ дар ҷумҳурӣ 7-уми октябр ҷорӣ шуда, панҷ моҳ – то 7-уми марти соли 2013 идома ёфт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...