Бекор шудани лимити барқ барои тамошои маросими савгандёдкунии президент

Сарфи назар аз ҷорӣ шудани маҳдудият ба истифодаи барқ аз 26-уми октябри соли ҷорӣ, субҳи имрӯз интиқоли барқ ба манотиқи ҷумҳурӣ қатъ нагардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, иқдоми сабуктар шудани лимити истифодаи барқ ба хотири аз тамошои маросими савгандёдкунӣ ва ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани президенти тозаинихоби Тоҷикистон Эмомалӣ […]

Аваз Юлдошев


Сарфи назар аз ҷорӣ шудани маҳдудият ба истифодаи барқ аз 26-уми октябри соли ҷорӣ, субҳи имрӯз интиқоли барқ ба манотиқи ҷумҳурӣ қатъ нагардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, иқдоми сабуктар шудани лимити истифодаи барқ ба хотири аз тамошои маросими савгандёдкунӣ ва ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани президенти тозаинихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳравар гардидани аҳолии ҷумҳурӣ рӯйи даст гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ширкати «Барқи тоҷик» аз 1-уми ноябр ба реҷаи истифодаи маҳдуди барқ дар Тоҷикистон тағйирот ворид намуда, акнун дар як шабонарӯз лимит ба 15 соат расонида шуд. Аз ин ба баъд интиқоли барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ рӯзона аз соати 09:00 то 17:00 ва шабона аз соати 22:00 то 05:00 қатъ карда мешавад. Реҷаи маҳдуди истифода барқ ба пойтахт, шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Турсунзода ва Чкаловск дахл нахоҳад дошт.

«Бинобар сабаби фарорасии сардӣ ва коҳиши ҳаҷми маҷрои об дар дарёи Вахш ШСХК «Барқи тоҷик» тасмим гирифт, ки реҷаи маҳдуди истифодаи барқро ҷорӣ намояд. Барои назорати риояи реҷаи муқаррашуда ширкат кори телефонҳои боварии шабонарӯзиро ҷонноктар кард. Тавассути телефонҳои 235-86-74, 235-86-84, 610-60-50 ва 295-202 истеъмолгарони барқ метавонанд ба саволҳои худ посух дарёбанд», – шарҳ дода буд ин тасмимро сухангӯи ширкат Нозирҷон Ёдгорӣ.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон даҳаи аввали моҳи октябр ҷорӣ мегардид. Соли гузашта лимити истифодаи барқ дар ҷумҳурӣ 7-уми октябр ҷорӣ шуда, панҷ моҳ – то 7-уми марти соли 2013 идома ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ