Гузориши САҲА оид ба таъсири нерӯгоҳҳои хурд ба рушди Рашт

Date:


Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон гузориш оид ба таъсири нерӯгоҳҳои хурди обиву барқӣ ба рушди иҷтимоиву иқтисодии водии Раштро пешниҳод кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар ҶТ хабар доданд, давоми моҳҳои март-октябри соли ҷорӣ дар ҳамдастӣ бо Маркази рушди нерӯгоҳҳои хурди Тоҷикистону Норвегия дар деҳоти Боқӣ Раҳимзода ва Тагоби ин водӣ таҳқиқот анҷом дода шуд.

Гурӯҳи коршиносон вазъи рушди ноҳияҳои дорои нерӯгоҳҳои хурд ва ҳамчунин имконоти гидроэнергетикии дарёҳои водии Раштро мавриди арзёбӣ қарор дода, бар асоси натоиҷи таҳқиқот ҷиҳати беҳбуди шароитҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тавсиҳо пешниҳод намуданд.

«Бо назардошти имконоти назарраси гидроэнергетикии кишвар, мебояд зикр намуд, ки ин ташаббус иқдоми муҳим дар роҳи рушди устувори Тоҷикистон мебошад», – гуфтааст Ханс Питер Ларсен, муовини роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон.

Ба андешаи ӯ, барои манотиқи деҳот энергетика яке аз муҳаррикҳои асосии рушди саноат, бахши кишоварзӣ, нақлиёт ва телекоммуникатсия мебошад. «Вазъи воқеӣ дар масъалаи таъсири нерӯгоҳҳои хурд ба рушди минтақа, ки дар гузориш дарҷ ёфтааст, ба мақомоти маҳаллӣ ва ҳамчунин созмонҳои байнулмилалӣ дар таҳияи барномаи рушди устувори мамлакат кӯмак мерасонад», – иброз доштааст номбурда.

Дар семинари бахшида ба муаррифии гузориш беш аз 50 нафар намоянагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байнулмилаливу ғайриҳукуматӣ ва коршиносони бахши захираҳои обиву энергетика ширкат варзиданд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...