Сабти наздики 11 ҳазор нафар бекорон дар вилояти Суғд

Дар вилояти Суғд расман 10,9 ҳазор нафар бекорон ба қайд гирифта шудаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии омори назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, шумори бекорони расман сабтшуда дар хадамоти Раёсати Агентии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят ба ахири моҳи сентябр 10,9 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин […]

Мавлуда Рафиева


Дар вилояти Суғд расман 10,9 ҳазор нафар бекорон ба қайд гирифта шудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии омори назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, шумори бекорони расман сабтшуда дар хадамоти Раёсати Агентии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят ба ахири моҳи сентябр 10,9 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6% камтар аст.

Ба иттилои манбаъ, аз ин миқдор шумори занони бекори расман сабтшуда ба 48,6% (5,3 ҳазор нафар), ҷавонон – 73% (8 ҳазор нафар) баробар буда, сатҳи бекории расмӣ 1,4% аз аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъоли вилоятро ташкил додаст.

Гуфта мешавад, 7,6 ҳазор (69,7%) нафарони чун бекор расман сабтшуда шахсоне мебошанд, ки сатҳи тахассуси касбӣ надоранд ва аз ин рӯ, кор ёфтани онҳо мушкил аст. Аз ин миқдор 3,9 ҳазор нафарашон (51,3%) хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумӣ мебошанд.

Зикр мегардад, ки дар давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ хадамоти шуғл 3,9 ҳазор нафарро ба касбомӯзӣ сафарбар намудааст, ки дар қиёс бо ҳаиин давраи соли гузашта 49,4% зиёдтар аст. Ғайр аз ин, 1 ҳазор нафар ба корҳои ҷамъиятии пардохтшаванда ҷалб гардидаанд, ки нисбат ба соли пешин 12,1% камтар мебошад.

Дар ин давра 4,5 ҳазор нафар дар рухсатиҳои бемузд бо супориши маъмурияти корхона қарор дошта, 0,6 ҳазор нафар тибқи реҷаи ҳафтаи нопурраи корӣ ва рӯзи нопурраи корӣ фаъолият кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ