Ифтитоҳи бинои нави филиали «Амонатбонк» дар Бохтар

Дар ҷараёни сафари кории раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова ба навоҳии вилояти Хатлон ӯ дар маросимии ифтитоҳи бинои наву замонавии филиали ноҳияи Бохтар иштирок намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БДА «Амонатболнк», Гулнора Ҳасанова пас аз шиносоӣ  бо утоқҳои кории бинои тозабунёд ва шароити хуб барои кормандон ва мизоҷони Бонк изҳори қаноатмандӣ намуда […]

ASIA-Plus


Дар ҷараёни сафари кории раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова ба навоҳии вилояти Хатлон ӯ дар маросимии ифтитоҳи бинои наву замонавии филиали ноҳияи Бохтар иштирок намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БДА «Амонатболнк», Гулнора Ҳасанова пас аз шиносоӣ  бо утоқҳои кории бинои тозабунёд ва шароити хуб барои кормандон ва мизоҷони Бонк изҳори қаноатмандӣ намуда ба кормандони филиал таъкид намуданд, ки меҳнати софдилона ба корафтодагон ва хизмарасонии олӣ эътимоду боварии мардумро ба Бонк бештар мегардонад. 

Ба иттилои манбаъ, дар анҷоми боздид дар саҳни филиал ба 100 нафар нафақагирон-пирони рӯзгордида ва иштирокчиёни ҷангу меҳнат дастурхони идона ороста кумакҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Гуфта мешавад, дар ин рӯз  нафақагирони ноҳияи Бохтар  соҳиби кортҳои Бонкии «корти миллӣ» шуданд, ки ин навгонӣ ҳам барои нафақагирон ва ҳам барои аз байн бурдани муомилоти нақдии пул дар кишвар қадами устувор аст.  Аз ин баъд 15 ҳазору 327 нафар нафақагирони ноҳияи Бохтар   нафақапулии худро тариқи кортҳои миллӣ  дастрас менамоянд. 

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки то ба имрӯз шумораи умумии дорандагони кортҳои бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” 312 ҳазору 512 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин  277 ҳазору 788 нафарашон нафақагирон мебошанд.   То ба имрӯз Амонатбонк бо 510 корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ оиди пардохтҳо тариқи кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст ва ба муштариёни  Амонатбонк 257 таҷҳизоти ПОС-терминал ва 61 банкомат дар 20 ноҳияи ҷумҳурӣ хизмат мерасонад, ки ин кори дорандагони кортҳои бонкии Амонатбонкро қулай ва осон мегардонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ