Ҳалокати 50 нафар бар асари садамаи ҳавопаймо дар Қазон

Date:


Шоми рӯзи якшанбе зимни нишаст ба фурудгоҳи байнулмилалии Қазон ҳавопаймои Boeing 737 500 (ширкати ҳавопаймоии Тотористон) ба замин бархӯрда, ба таркиш дучор шуд. Сӯхтори сарзада дар ҷойи ҳодиса таъҷилан хомӯш гардид.

Бино ба иттилои ВАО-и Русия, дар ҳавопаймо 44 нафар мусофирон ва 6 нафар ҳайати техникиву халабонони тайёра қарор доштанд. Тибқи маълумти пешакӣ, дар ҳавопаймо кӯдакон ҳузур надоштаанд.

Хабаргузории РИА Новости бо такя ба як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ медиҳад, ки шояд иштибоҳи халабонон ба ин ҳодиса боис шуда бошад. Дар қатори фарзияҳо омили обуҳаво ва ноқисии техникии ҳавопаймо низ номбар мешаванд. Аз Росгидромет хабар додаанд, ки обуҳаво барои чунин навъи ҳавопаймо мусоид будааст.

ИТАР-ТАСС менависад, президенти Русия Владимир Путин ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати таъҷилан андешидани чораҳои ҷустуҷӯву наҷот ва кӯмак ба осебдидагон супориш додааст. Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ба вазири нақлиёт Максим Соколов оид ба таъсис ва таҳти раҳбарӣ гирифтани комисиияи таҳқиқи сабабҳои садама дастур додааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...