Интиқоли ҷасади муҳоҷирони қатлшудаи тоҷик ба ватан

Дар натиҷаи ҳамкории муштараки сафорати Тоҷикистон дар Русия, Консулгарии генералӣ дар Екатеринбург ва дастгирии бевоситаи раиси ҷамъияти тоҷикистониҳои вилояти Челябинск Исломиддин Раҷабов, ки ваколати узви Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русияро дорад, шоми имрӯз, баробар ба соати 23-и вақти Маскав ҷасади ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 12-уми ноябр дар ноҳияи Сосновскийи вилояти Челябинск кушта […]

ASIA-Plus


Дар натиҷаи ҳамкории муштараки сафорати Тоҷикистон дар Русия, Консулгарии генералӣ дар Екатеринбург ва дастгирии бевоситаи раиси ҷамъияти тоҷикистониҳои вилояти Челябинск Исломиддин Раҷабов, ки ваколати узви Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русияро дорад, шоми имрӯз, баробар ба соати 23-и вақти Маскав ҷасади ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 12-уми ноябр дар ноҳияи Сосновскийи вилояти Челябинск кушта шуда буданд – Сангинбоев Абдуманон Шодимуродович, соли таваллудаш 22-уми сентябри соли 1982 ва Мутрифов Сайриддин Сайфиевич, соли таваллудаш 21-уми декабри соли 1990, сокинони деҳаи Моғиёни шаҳри Панҷакент, тариқи тайёра тавассути хатсайри Челябинск-Хуҷанд ба ватан фиристода шуд.

Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба роҳбарият ва аъзои ҷамъияти тоҷикистониҳои вилояти Челябинск барои ин заҳматҳо ва кори хайре, ки тайи ин чанд рӯзи ахир вобаста ба ин марги фоҷеабори шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақа ба ҷой овардаанд, миннатдории сафоратро баён кардаст. Ӯ ҳамчунин ба хонавода ва наздикони марҳумон изҳори тасаллият намудаст.

Дар идома Муҳаммад Эгамзод иброз дошт: «Мо иттилои дақиқ дорем, ки дар робита ба ин ҳодиса аллакай парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия боз гардидааст ва феълан ду нафар бо ному насаби Р.А. ва К.А ном шаҳрвандони кишвари иқомат ҳамчун гумонбар боздошт карда шудаанд. Ангезаи ин ҳодисаи кушторро дар ҳоли ҳозир мақомоти интизомии Русия ғоратгарӣ шарҳ медиҳанд. Сафорат ин қазияро таҳти назорати ҷиддии хеш қарор додааст ва ҳамакнун Хадамоти консулии сафорат якҷо бо консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба таври доимӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин минтақа дар тамосанд. Мо боварии комил дорем, ки ин қазия ба пуррагӣ аз ҷониби мақомоти тафтишотии Русия таҳқиқ ва қотилони шаҳрвандони мо дар назди қонун муҷозот хоҳанд шуд».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 12-уми ноябри соли ҷорӣ дар яке аз хонаҳои  деҳаи Кайгородовои ноҳияи Сосновскийи вилояти Челябински Русия

ҷасади ду шаҳрванди Тоҷикистон

бо аломатҳои марги маҷбурӣ ва осори захми зарбаву бурида дарёфт шуд. Ин ҳодиса боиси нигаронии сафорати Тоҷикистон дар Русия гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ