Ҷашни солгарди навбатии ҳафтавори «Дайджест-пресс»

Имрӯз ҳафтавори «Дайджест-пресс» 19-умин солгарди таъсисёбиашро ҷашн мегирад. Муассиси ҳафтавор, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зарурати таъсиси чунин ҳафтавор замоне пеш омад, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзномаҳои чопи Русия қариб ба Тоҷикистон ворид намешуданд ва талабот ба чунин иттилоот дар кишвар хеле зиёд […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз ҳафтавори «Дайджест-пресс» 19-умин солгарди таъсисёбиашро ҷашн мегирад.

Муассиси ҳафтавор, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зарурати таъсиси чунин ҳафтавор замоне пеш омад, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзномаҳои чопи Русия қариб ба Тоҷикистон ворид намешуданд ва талабот ба чунин иттилоот дар кишвар хеле зиёд буд.

«Муддати де-се соли аввал «Дайджест-пресс» маводи рӯзномаҳои Русияро пурра бознашр мекард, сипас хабарнигорони худи ҳафтавор ба кор оғоз намуданд ва саҳфаҳои имрӯзи ҳафтавор асосан аз маводи хабарнигорони газета иборат аст», -гуфт Сатторов.

Ба гуфтаи ӯ, дар давраи фаъолият ҳафтавори «Дайджест-пресс» 10 сол газетаи сернусхатарини Тоҷикистон дониста шуд. «Солҳои аввал ҷиҳати нашри ҳафтавор 2-3 корманд машғули кор буда, имрӯз шумори коргарони идораи ҳафтавор 50 нафарро ташкил медиҳад», – афзуд муассиси ҳафтавор.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ