Сафари кории Ҳамрохон Зарифӣ ба Белгия

Date:


Имрӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафари корӣ барои иштирок дар вохӯрии навбатии вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки 20 ноябри соли 2013 дар шаҳри Брюссел барпо мегардад, озими Шоҳигарии Белгия шуд. Дар ин бора департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ахири ҳафтаи гузашта мулоқоти азири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо намояндагони Вазорати энергетика, Хадамоти геологӣ ва Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот доираи васеъи ҳамкориҳои дуҷониба аз қабили рушди минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Академияи илмҳои Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори ИМА дар риштаи зилзилашиносӣ, мубодилаи таҷриба ва тавсеаи тахассуси олимони ҷавони ду кишвар баррасӣ гардиданд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related