Қоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон таъин шуд


Бо фармони президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон имрӯз раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон таъин карда шуд. Муродалӣ Алимардон, Марҳабо Ҷабборова ва Азими Иброҳим муовини нахуствазир таъин гардиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони дигари президент собиқ нахуствазири кишвар Оқил Оқилов аз мансаб сабукдӯш гардид. Оқил Оқилов аз соли 1999 сари ин мансаб қарор дошт.

Зимнан зикр мегардад, ки Абдураҳмон Қодирӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд таъин карда шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное