CASA-1000 барои Тоҷикистон зараровар нест

Танҳо қисмати начандон назарраси заминҳои кишоварзии Тоҷикистон бевосита зери хатти интиқоли барқи минтақавӣ дар доираи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) қарор хоҳанд дошт. Дар гузориши мухтасари Арзёбии экологии минтақавии лоиҳа зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон якчанд мавзехое мавҷуданд, ки маҳаллаҳои аҳолинишини онҳо, зербинои ҷамоатҳои маҳаллӣ ва заминҳои кишоварзӣ […]

Пайрав Чоршанбиев


Танҳо қисмати начандон назарраси заминҳои кишоварзии Тоҷикистон бевосита зери хатти интиқоли барқи минтақавӣ дар доираи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) қарор хоҳанд дошт.

Дар гузориши мухтасари Арзёбии экологии минтақавии лоиҳа зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон якчанд мавзехое мавҷуданд, ки маҳаллаҳои аҳолинишини онҳо, зербинои ҷамоатҳои маҳаллӣ ва заминҳои кишоварзӣ дар наздикии хати интиқоли барқ ҷойгир шудаанд, ки зимни баргузории ин арзёбӣ мебояд ба ин масъала таваҷҷуҳӣ зарурӣ зоҳир намуд.

Зикр мегардад, ки мавзеъҳои гузариши чанде аз дарёҳо, минтақаҳо бо ландшафти кӯҳӣ ва макони зисти паррандаҳо (мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» ва дарёи Панҷ) низ омӯзиши махсус дар ин арзёбиро талаб мекунанд.

«Бо назардошти мутамарказии ҷойгиршавии аҳолӣ дар хатсайри хатти интиқол танҳо қисмати начандон назарраси заминҳои кишоварзии Тоҷикистон бевосита зери хатти интиқоли барқи минтақавӣ дар доираи Лоиҳаи CASA-1000 қарор гирифта, ҳеҷ кадоме аз зербинои давлатӣ, иншоот ва сохтмон дар доираи таъсир қарор нахоҳад гирифт», – гуфта мешавад дар гузориш.

Дар лоиҳаи CASA-1000 25 километр хатти интиқоли тағйирёбандаи барқ аз ҷануби Қирғизистон то Хуҷанд дохил буда, низоми энергетикӣ миёни Регар ва Сангтӯда тӯл мекашад ва 115 километр хатти интиқоли барқи доимии боқимонда тариқи Сангтӯда ба Афғонистон гузаронида мешаванд. Хатти интиқоли барқи CASA-100 ду вилояти Тоҷикистон – Суғду Хатлонро убур мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи CASA-1000 Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон (аз моҳи май то сентябр) ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерӯи барқ интиқол диҳанд, ки дар панҷ моҳ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм интиқоли 2 млрд. кВт/соат ба дӯши Қирғизистон ва 3 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.

Арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 ба 953 млн. доллари ИМА баробар аст. Аз оғози бевоситаи амалисозии лоиҳаи мазкур аввали соли оянда интизорӣ рафта, анҷоми он соли 2017 дар назар аст.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.