АНМН: Анҷоми тренинги «Интегратсияи фаъолияти таҳқиқотӣ ва ташхиси маълумот»

Рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ трениги минтақавӣ дар мавзӯи «Интегратсияи фаъолияти таҳқиқотӣ ва ташхиси маълумот» ба итмом расид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар маросими пӯшидашавии тренинг Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров, Иҷрокунандани вазифаи Роҳбари Дафтари   РСММ  дар  […]

ASIA-Plus


Рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ трениги минтақавӣ дар мавзӯи «Интегратсияи фаъолияти таҳқиқотӣ ва ташхиси маълумот» ба итмом расид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар маросими пӯшидашавии тренинг Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров, Иҷрокунандани вазифаи Роҳбари Дафтари   РСММ  дар  ҶТ Алӣ Сарияздӣ, Роҳбари Лоиҳаи РСММ  «Харидуфурӯш  ва  мониторинги тарёки афғонӣ» Хоқон Демирбюкен, Сардори шӯъбаи иттиллотӣ-таълимии Дафтари САҲА  дар ҶТ  Илона Казарян, инчунин намояндагони сафоратҳои Ҷопон ва ИМА дар ҶТ,   ширкат варзиданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни суханронӣ дар ин маросим Р.Назаров барои дар сатҳи баланд гузаштани тренинг ба ташкилкунандагони он миннатдорӣ баён намуда, ба касбияти  дастурдеҳон баҳои баланд дод. Инчунин Роҳбари Агентӣ миннатдори худро ба намояндагони сафоратҳои Ҷопон ва ИМА арз дошт, ки онҳо дар гузаронидани тренинг саҳм гузоштаанд. Иштироккунандагони тренинг ба дастурдеҳон ва сатҳи ташкилии курси омӯзишӣ низ баҳои баланд дода, миннатдории худро баён намуданд. 

Директори АНМН  изҳор дошт, ки донишҳои омӯхтаи таҳлилгарон дар оянда барои боз ҳам хубтар   ба роҳ мондани кор  самараи худро медиҳад.

Баъд аз маросими ҷамъбасти тренинг, Директори Агентӣ Р.Назаров бо  Алӣ Сарияздӣ, Хоқон Демирбюкен, инчунин бо намояндагони сафоратҳои Ҷопон ва ИМА дар ҶТ вохӯрӣ гузаронид, ки дар рафти он тарафҳо оид ба натиҷаҳои судманди ҳамкориҳои дуҷониба  изҳори ақида намуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.