Иштироки ҳайати Тоҷикисон дар Форуми иқтисодии СПЕКА-2013

Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар рафти Форуми иқтисодии СПЕКА-2013, ки дар шаҳри Алмато ин ҳафта идома дорад, иштирок менамоянд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, мавзӯъи асосии чорабинии мазкур “Рушди устувор ва доимӣ тавассути ҳамкории минтакавӣ” мебошад. Ба иттилои мнабаъ, ба ғайр аз мавзӯи асосӣ, дар Форуми мазкур масъалаҳои роҳандозӣ ва маблағгузории технологияҳои […]

ASIA-Plus


Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар рафти Форуми иқтисодии СПЕКА-2013, ки дар шаҳри Алмато ин ҳафта идома дорад, иштирок менамоянд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, мавзӯъи асосии чорабинии мазкур “Рушди устувор ва доимӣ тавассути ҳамкории минтакавӣ” мебошад.

Ба иттилои мнабаъ, ба ғайр аз мавзӯи асосӣ, дар Форуми мазкур масъалаҳои роҳандозӣ ва маблағгузории технологияҳои экологияи тоза ва инноватсионӣ, омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар соҳаи ҷорӣ намудани навовариҳо ва рушди ҳамкории сохторҳои давлатӣ бо соҳибкорӣ, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахши истифодаи навоварӣ дар оянда, муҳокима карда мешаванд.

Гуфта мешавад, форум бо дастгирии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором доир мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.